Formula novemver 2024
Шахси солим чӣ гуна ба бемории сил гирифтор мешавад?
1659

 

Бемории сил аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ маҳсуб ёфта, барангезандаи он чубчамикроби сил мебошад.

Ҳар як шахс метавонад ба ин беморӣ сироят шавад, ки табибон яке аз сабабҳои онро дар надоштани маълумоти кофӣ дар бораи беморӣ, наздик будани шахси солим бо хориҷкунандаи микроби бемории сил ва дар ҳолати яке аз нишонаҳои беморӣ сари вақт муроҷиат накардан ба духутри оилавӣ буда метавонад.

Агарчӣ шуш узви осебпазири бемории сил бошад, аммо ягона узве нест, ки аз ин беморӣ азият кашад. Дар баробари ин, дигар увзҳо низ метавонанд ба бемории мазкур гирифтор шаванд. Тибқи оморҳои расмӣ дар миёни сироятёфтагони бемории сил, намудии шушӣ бештар ба қайд гирифта мешавад.

 Сироятёфтаи беморӣ киро мегӯянд?

Сироятёбии ба ин ё он беморӣ дар маризиҳои гузаранда сурат мегирад, ки дар натиҷаи беэътиноӣ ё бо пайдо шудани яке аз нишонаҳои беморӣ ва надоштани маълумоти кофии тиббӣ аз назари духтури соҳа дур мондан, шахси солим низ метавонад ба беморӣ гирифтор шавад. Суоли матраҳ ин аст, ки чи гуна шахси солим ба бемории сил гирфитор мешавад?

Бояд қайд кард, ки ҳангоми нафас кашидани ҳавоеро, ки чубчамикроби сил дорад, шахс метавонад сироят меёбад. Инчунин микробҳои дар баданбуда «дар ҳолати хоб» қарор доранд, яъне фаъол нестанд. Чубчамикробҳо муддати дароз дар бадан вуҷуд дошта, вале на ҳама вақт бемориро ба вуҷуд меоранд.

Паҳншавии бемории сил чӣ гуна аст?

Лозим ба ёдоварист, ки бемории сил авлодӣ набуда, ҳангоми сулфа ва атса задан, туф кардани балғам ва ҳатто ҳангоми гап задани бемори хориҷкунандаи барангезандаи беморӣ ва хориҷкунандаи чубчамикробҳои силро ба муҳити атроф сироят шахси солим метавонад, сироят ёбад.

Киро бемор мегӯянду чӣ нишонаҳо дорад?

Шахси сироятёфтае, ки дар ӯ аллакай нишонаҳои бемории сил пайдо шудааст, шахси бемор маҳсуб меёбад. Гирифтори сили шушӣ манбаи асосии сироят ба шумор меравад. Нишонаҳои беморӣ сулфаи давомдори зиёда аз 2-ҳафта, баъзан бо балғам ва хунтуфкунӣ, баландшавии ҳарорат, арақкунии шабона, ҳатто дар ҳавои сард, дарди қафаси сина, бемадорӣ, камшавии иштиҳо ва вазнпартоӣ дар муддати кутоҳ мебошад.

Чӣ бояд кард?

Ҳар нафаре, ки дар худ ё наздикону пайвандонашон яке аз ин нишонаҳоро мебинад, бояд ҳатман ба духтури минтақавӣ муроҷиат намуда, бо машварати ӯ ба наздиктарин маркази бемориҳои сил муроиҷта намудан, пешгирии гирифторшавии дигар пайвандони шахси бемор мебошад.

Баъди бемориро пайдо кардан киҳо аз ташхис гузаронида мешавад?

Тибқи меъёрҳои муайянгардида агар дар шахсе, ки бемории сил дарёфт гардидааст ҳамаи шахсоне, ки бо бемори сил дар як манзил зиндагӣ мекунанд, аз муоина гузаронидан зарур буда, ҳамчунин кӯдакони он хонавода аз муоинаи силӣ гузаронида мешавад. Зеро кӯдакони то 5-6 сола ба гуруӯҳи осебпазир шомиланд.

Раванди табобат ва пешгирӣ

Ин беморӣ хеле ҷиддӣ буда, агар шахс табобати саривақтии доругӣ нагирад, ба оқибатҳои ногувори саломатии инсон оварда мерасонад. Таъкид кардан зарур аст, ки беморӣ табобатшаванда буда, авлодӣ нест. Беморро зарур аст, ки мӯҳлати пурраи табобатро, ки табибон муайян мекунанд, гиранд.Бояд муҳлати назорати диспансериро риоя намояд.

Яке аз чораҳои пешгирикунандаи бемории сил ин дарёфти саривақтӣ мебошад, ки имкон дорад садҳо сироятёбиро пешгирӣ намояд. Маълумотнок намудани аҳолӣ низ яке аз беҳтарин роҳҳои сироятшавӣ ба бемории сил мебошад.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтомии аҳолии кишвар дар бораи дарёфти ин беморӣ суҳбат карда дар қиёс ба як соли пеш шумораи бори аввал сироятёфтагонро эълон кард. Ӯ қайд кард, ки танҳо дар соли гузашта аз миёни зиёда аз 59 ҳазор таҳлилҳои Ҷен Эсперт гузарониа шуд ва зиёда аз 300 ҳазор таҳлилҳои рентгенӣ ва флюографӣ барои муайян кардани бемории сил гузаронида шуд. Дар натиҷа мо 24 418 бемори дарёфт кардем, ки аз он 3925 нафар бори аввал дарёфт гардид, ки насибат ба соли 2021 132 адад зиёдтар мебошад.

Маҳина Давлат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД