Шахси мурдаро хоб дидан чӣ таъбир дорад?
01.12.2025
Oila.tj
89

Замоне бо Ҳабиба ном духтари зебо ва бениҳоят меҳрубон дар як идора кор мекардем, вале баъдан бо амри тақдир ба корҳои дигар гузашта, аз ҳам ҷудо шудем. Ду сол пеш дугонаам ба касалии саратон гирифтор гашта, ҷавонмарг шуд. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки як моҳи охир Ҳабибаи ғуррамарг тез-тез ба хобам медарояд. Мегӯянд, ки мурдаҳоро хоб дидан чандон хосияти хуб надорад, бинобар ин, дар изтироб афтодаам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Р. И.

Посух:

- Аксари одамон ягон шахси аз дунё гузаштаро хоб бинанд, ба ташвиш меафтанд, зеро аз он ҳарос доранд, ки мурда паёмрасони марг аст, вале дар асл ин тавр нест. Мувофиқи хобномаҳо, баръакс одами наздик ё дӯсти мурдаи худро хоб дидан фоли нек аст. Зан дугонаи наздики аз дунё гузаштаашро хоб бинад, дар ҳаёташ ягон ҳодисаи хурсандиовар рӯй медиҳад, ки ба оилааш алоқамандӣ дорад. Аммо мард дӯсти мурдаашро хоб бинад, байни ӯ ва занаш дилсардӣ меафтад. Чунин хоб метавонад нишонаи сар задани моҷаро аз рашк низ бошад.

Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки агар зан дугонаи раҳматиашро дар хобаш бубинад, тамоми мушкилоте, ки дар зиндагӣ дорад, ба зудӣ ҳал шуда, бениҳоят хушбахт мешавад.

Хулоса, ба ташвиш наафтед, хоби дидаи шумо нек аст. Барои дугонаатон дуо кунед, рӯҳаш аз шумо шод хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД