Sebiston new 2024 october
Шахси худкушӣ кардаро чӣ интизор аст?
21.05.2023
ОИЛА
757

Чанд рӯз пеш дар маҳаллаи мо воқеаи мудҳиш рӯй дод. Санавбар ном духтараки нозанинро дар шохи дарахти чормағз кашол пайдо карданд. Гулдухтаре, ки аз сад гулаш як гулаш нашукуфта буд, худкушӣ карда буд. Дар байни мардум пичир-пичир аст, ки ин духтарро дар он дунё ҷазои сахте инитизора ст. Мехоҳам донам, ки ин гуфтаҳо то куҷо ҳақиқат доранд?

Г. Д, аз Вилояти Хатлон


Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ҳамаи динҳо аз ҷумла дини мубини Ислом ба манфиати тамоми мардуми ҷаҳон равона карда шуда, чун ҳамаи адёни ҷаҳон худкуширо маҳкум мекунад ва онро ношукрӣ ва гуноҳи азим мешуморад. Дидаву дониста ба ҷони худ қасд кардан ва ё ба худкушӣ даст задан аз нигоҳи таълимоти дини мубини Ислом, ки асоси он Қуръон ва ҳадис аст, гуноҳ ва ҷиноят мебошад.

Аллоҳ таъоло дар ояти 195 сураи «Бақара» мефармояд "Вало тулқу биайдикум илаттаҳлука ва аҳсину Инналлоҳа юҳиббул муҳсинин". Яъне, "Хештанро бо дастҳои худ ба ҳалокат маяфканед ва накӯкорӣ кунед, албатта Парвардигор накӯкоронро дӯст медорад".

Дар ояти 29 сураи «Ан-нисо» омада: "Вало тақтулу анфусакум инналлоҳа кона бикум раҳимо" Яъне... "Ва накушед хештанро, ҳаройина Аллоҳ ҳаст ба шумо меҳрубон".

Масъалаи маҳкум кардани худкушӣ дар аҳодиси набавӣ зиёд омадааст аз ҷумла дар ҳадиси қудси Ҷаноби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:" Аллоҳ мегӯяд:" Агар бандаи ман ба ҷои сипосгузорӣ ба ман худро кушад, пас (бидонад), ки дарҳои ҷаннат барои вай ҳамеша баста аст".

Аз Ҷундаб ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Пайғамбар алайҳис салом фармуданд: "Дар замони гузаштагони пеш аз шумо марде дар бадани худ захме дошт, бе тоқатӣ кард ва кордеро гирифта, бо он дасташро бурид, хун бардавом меомад, дар охир вафот кард, Худованди мутаъол фармуд: “Қабл аз он ки бандаам бимирад, ба худкушӣ даст зад, аз ин рӯ, биҳиштро бар ӯ ҳаром кардам" Ва дар ҳадисҳои дигар омада аст:" Ҳар касе бо роҳи буғӣ ё ресмон худкушӣ кунад, бо ҳамон роҳ дар дӯзах азоб дода мешавад" ё "Ҳар касе ба воситаи истеъмоли заҳр худкушӣ кунад, ҳамон заҳр дар дасташ дар дӯзах абадӣ мемонад".

Ҳамчунин, онҳое, ки худро месӯзонанд ё меовезанд, ба ғазаби Худо ва оташи ҷаҳаннам гирифтор мешаванд. Дар чандин китобҳои фиқҳи ҳанафӣ аз ҷумла дар панҷ фатовои муътабар нораво будани амали худкушӣ зикр карда шуда аст, аз ҷумла дар фатовои машҳури диёри мо “Фатовои оламгирӣ” ва “Фатовои баззозия” ин масъала возеҳу равшан баёни худро ёфта аст. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки худкушӣ ба одамкушӣ баробар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД