Шакарханди сомонаи Oila.tj
07.12.2025
Oila.tj
102

Санҷиши садоқат

Зане пардаҳои хонаашро иваз мекунад.

Шавҳар ба хона маст омада, дарҳол хобаш мебарад. Соати 4-и субҳ мард бедор шуда, як ба атрофаш нигоҳ мекунаду зуд либосҳояшро пушидан мегирад.

Занаш ба ӯ мегӯяд:

- Ту ба куҷо?

Мард дар ҷавоб:

- Даматро гир, занам маро мекушад!

Фаришта

Духтарак аз модараш мепурсад:

- Оча, фариштаҳо мепаранд?

Модар:

- Бале, духтарам, мепаранд.

Духтарак:

- Дадаам ҳамсоязанро фаришта номид, вай кай мепарад?

Модар:

- Баъди 10 дақиқа.

Ҷазои бибӣ

Модаркалон набераи чорсолаашро барои беодобӣ ҷазо доданӣ шуда, дар кунҷи хона рост мемонад. Баногаҳ бобои духтарча, ки наберачаашро хеле дӯст медорад, кӯдакро дӯстдорӣ карда мегӯяд:

- Бибият ҷанг кард? Ҳозир ман гӯшҳояшро мебурам.

Кӯдак гиряашро бас карда, аз бобояш мепурсад:

- Бобо, гӯшашро буридед, гӯшворашро ба ман медиҳед?

Домоди фолбин

Духтару ҷавоне шинос мешаванд. Духтар мепурсад:

- Ту ба ман маъқул шудӣ. Дар куҷо кор мекунӣ?

Ҷавон мегӯяд:

- Корманди амният ҳастам.

Духтар:

- Канӣ ягон чизи аҷиб нақл кун.

Ҷавон:

- Дар бораи ту ё дар бораи худам?

Тифли зирак

Зане ба меҳмонони хонааш мегӯяд:

- Марҳамат, хӯрдан гиред, шарм надоред…

Ин замон духтарчаи хурдсоли зан гапи модарашро бурида мегӯяд:

- Оча, шумо нодуруст мегӯед. Мисли мураббияи мо ин тавр гӯед:

- Нозу нузатонро дар хонаи худатон мекунед. Тез-тез авқот хӯред.

Барномаи ҷолиб

Зану шавҳар ҷанг карда, якдигарро хуб дашном медиҳанд. Баногаҳ занги дар садо медиҳад, аз паси дар писарчаи ҳамсоя мегӯяд:

- Хола, дадаму бобом мепурсанд, ки чунин барномаи аҷибро аз кадом шабакаи телевизион намош дода истодаанд?

Баҳри мурда

Писарак аз модараш мепурсад:

- Уқёнуси ором ҳамеша ором аст?

Модар ба ғазаб омада мегӯяд:

- Ягон суоли боақлона дода наметавонӣ?

Писарча ин дафъа мепурсад:

- Метавонам. Баҳри мурда барои чӣ мурдааст?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД