Commerc banl
Шакарханде бо Oila.tj
08.03.2026
Oila.tj
102

Зиёфат

Ҷавоне ҳамроҳи маъшуқааш ба тарабхона омада, ду истакон об фармоиш медиҳад. Духтар мегӯяд:

- Шумо ваъда дода будед, ки зиёфати хубе медиҳам. Ҳамин аст зиёфат?

Ҷавон баъди ин сухан пешхизматро ҷеғ зада, мегӯяд:

- Майлаш, зиёфат бошад, зиёфат, ба мо ду сатил об.

Хайма

Шерлок Холмс ва духтур Ватсон пиёда сайр мекарданд. Вақте онҳо ба ҷангале расиданд, шаб фаро расид. Дар он ҷой хайма зада, дар дохилаш хоб карданд. Нисфи шаб Холмс бедор шуда, аз шарики духтураш пурсид:

- Ватсон, ба фикри шумо ин ситораҳои осмон аз чӣ дарак медиҳанд?

- Инҳо аз он дарак медиҳанд, ки пагоҳ ҳавои форам моро мунтазир аст. Ба шумо чӣ?

- Ба назари ман аз дуздидани чодири хаймаамон хабар медиҳанд,-мегӯяд Шерлок.

Кинагир

Марди кинагире моҳии тило ба шаст меорад. Моҳӣ ба ӯ мегӯяд:

- Ман хоҳиши дилхоҳи туро иҷро мекунам, вале хотиррасон мекунам, ки ҳар он чизе талаб намоӣ, онро ба душманат ду баробар зиёдтар медиҳам.

Мард мегӯяд:

- Бигзор фишори хунам 120 ба 80 бошад.

Қабристон

Мӯйсафеде дар истгоҳ аз ҷавоне мепурсад:

- Бачаҷон, кадом автобус ба қабристон мебарад?

- Автобуси бетормоз, бобоҷон!,- посух медиҳад ҷавон.

Дӯзах

Духтар ба падараш мегӯяд:

- Дада, ман наметавонам зани Иззат шавам, вай атеист асту ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надорад...

Падар мегӯяд:

- Ту ҷасурона ба шавҳар баромадан гир, духтарам. Туву модарат ба зудӣ исбот месозед, ки ӯ иштибоҳ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД