Мурғи шиновар
Марде ба хонаи ҳамсояаш рафта, мурғи ҳамсояро дуздида, ба хонааш меорад. Нав парҳои мурғро канданӣ мешавад, ки ҳамсоя аз дараш даромада, мегӯяд:
- Ҳамсоя, чӣ кор мекунед?
Мард саросема шуда, мурғро ба даруни об партофта, мегӯяд:
- Мурғатон оббозӣ дорад, ман либосашро қапида истодаам.
Гӯшти дирӯза
Марде ба бозор рафта, нархи гӯштро мепурсад. Фурӯшанда мегӯяд:
- Гӯшт қимат шуд, дирӯз 36 сомонӣ буд, имрӯз 38 сомонӣ.
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
- Ба ман аз гӯшти дирӯза диҳед.
Торти хушк доред?
Ҷӯгие ба дари хонаи марде ба гадоӣ рафта, мегӯяд:
- Торти хушк доред?
Мард ҳайрон шуда, мегӯяд:
- Ҳар рӯз нони хушк мепурсидед, боз ба торти хушк гузаштед?
Ҷӯгӣ мегӯяд:
- Имрӯз зодрӯз дорам охир.
Ошиқи тарсу
Духтару ҷавони ошиқе шабона бо ҳам мулоқоти ошиқона мекунанд. Баногаҳ аз наздашон як гурӯҳ авбошон баромада, бо мақсади ҷазо додани ошиқон аз духтар мепурсанд:
- Номат чист?
- Майсара,- мегӯяд духтар бо садои ларзон.
Сардори авбошон бо шунидани номи духтар мегӯяд:
- Ваҳ, ҳамноми модари ман будааст, ӯро сар диҳед.
Баъдан, аз ҷавон мепурсанд:
- Ту чӣ ном дорӣ?
Ҷавон мегӯяд:
- Номам Абдукарим аст, вале дар қишлоқамон маро ҳама Майсара меноманд.
Тухми килоӣ
Марде писарашро ба мағоза тухмхарӣ равон мекунад. Писарак дар роҳ халтаи тухмро афтонида мешиканаду ба хона омада, ба падараш мегӯяд:
- Падарҷон, дар мағоза тухми донагӣ набудааст, тухми килоӣ овардам.
Қошуқи дарида
Ҷавоне бори аввал ба шаҳр омада, дар тарабхона хӯрок дархост мекунад. Хӯрокро меоранду дар табақчае чангакро низ оварда, дар наздаш мегузоранд. Ҷавони деҳотӣ ба чангак дурудароз нигоҳ карда, ба пешхизмат мегӯяд:
- Ако, мебахшеду ин қошуқатон даридагӣ аст, боз бори ман накунед.