Шабнами Сурайё, яке аз сарояндагони саршиноси тоҷику тоҷикони ҷаҳон ба баҳори 40-уми умри худ қадам гузошт.
Шабнам ҳанӯз 13-сол дошт, ки ба саҳнаи ҳунар роҳ ёфт. Таронаи аввалинашро ин зебосанам дар шаби эҷодии модараш, примадоннаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимова суруда, дар як муддати кӯтоҳ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ машҳуру маҳбуб гашт. Таронаи “Ҳанӯз аввали ишқ аст”-и Шабнами Сурайё, ки ин бонуи ширинадову ширинсадо онро соли 2009 эҷод намуда, дар клипи ин суруд худаш низ ҳамроҳи дастаи раққосаҳо хеле ҷаззоб мерақсид, шӯҳрати ӯро даҳчанд гардонида, маҳбубияташро афзунтар сохт. Шабнам аз зумраи он сарояндагони ангуштшуморест, ки қариб тамоми таронаҳояш аз ҷониби мухлисон хеле гарм истиқбол меёбанд, вале “Ҳанӯз аввали ишқ аст”, “Зиндагӣ ҳамин аст”, “Бизан дутора” ва “Попурӣ” дар эҷодиёти ин ситораи тобноки эстрадаи тоҷик мавқеи хоса доранд.
Шабнами Сурайё дар як қатор шаҳрҳои пешрафтаи олам аз ҷумла, Берлин, Лондон, Мюнхен, Лос -анҷелес, Ню Йорк, Торонто, Чикаго низ баромад карда, санъат ва ҳунари тоҷикро муаррифӣ намудааст. Вай бо чандин сарояндаҳои машҳури Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон дуэт сурудааст. Таронаҳои дар ҳамовозӣ бо Садриддини Наҷмиддин, Парвина Шукурллоева, Ҷонибек Муродов, марҳум Суҳроби Сафарзод ва Баҳром Ғафурӣ сурудаи Шабнами Сурайё аз зумраи беҳтарин дуэтҳои эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Сли 2008 Шабнами Сурайё дар озмуни “Ситораи сол”-и ҳафтаномаи “Оила” ғолиб омада, соҳиби шоҳҷоизаи тиллоии ин озмун гашта буд. Шавҳари Шабнами Сурайё-Қурбон Чолов соли 2015 вафот карда, аз издивоҷ бо ин мард духтаре дорад бо номи Шарифамо.
Чанде пеш духтари Шабнами Сурайё-Шарифамоҳ худро дар соҳаи мӯд санҷида дар пойтахти кишварамон намоиши олиҷаноби мӯдро ташкил карда буд.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайёро бо ҷашни милодаш сидқан муборакбод гуфта, таманнои онро доранд, ки ҳамеша чунин зебо, ҷавон ва муваффақ бимонад.
Ҳанӯз аввали ишқ аст Шабнамҷон, ба пеш, ба сӯйи қуллаҳои нав ба нави санъат!