Formula novemver 2024
Шабнам: Духтар зоям, бева мешавам!
6139

Зани бадбахттарини дунё шояд ман бошам, зеро дар тӯли даҳ соли зиндагии заношавҳариямон чор духтарро ба дунё оварда, умре заҳри таънаву маломати шавҳар, хусуру хушдоман, қайниву қайсингил ва дигар хешу ақрабои ҳамсарамро мечашам. Ҳар дафъаи духтар таваллуд карданам, мардакам қаҳр карда ба таваллудхона намеравад. Волидонам маро аз таваллудхона ба хонаи худашон бурда, 40 рӯз нигоҳубин мекунанд, баъд бо кулчаю тӯша ба хонаи хушдоманам меоранд.

Касе дар ин хонадон ба мо рӯйи хуш надиҳад ҳам, модарам «хонаву даратро маҳкам дошта шин, духтарам» гӯён, насиҳат мекунад, ки аз неши забони хушдоман ва қаҳр кардани шавҳарам хафа нашуда, дилёбӣ кунам, то дар ин хона рӯзбар шавам. Мисли гунаҳкор бо сари хам аз пайи кору бори хонаи шавҳарам шуда, гӯшамро ба карию чашмонамро ба кӯрӣ зада мегардам, вале ғаму ғуссаи зиёд маро дарун ба дарун хӯрда тамом карда истодааст. Хушдоманам писарча таваллуд кардани ягон келини ҳамсояро шунавад, дардаш аз нав хурӯҷ намуда, борони таънаву маломатро ба сарам мерезад ва оби дидаи маро дар бари рӯям мекунад. Ҳоло боз ҳомиладорам. Шавҳарам қасам хӯрдааст, ки агар ин дафъа ҳам духтар бизоям, ҳамон рӯз талоқи маро дода, аз дар берун мекунад. Шабҳоро бо гиря саҳар мекунам. Дӯсте надорам, ки дарди диламро бигӯям. Ягона розшунавам Парвардигор аст. Ҳамеша дар болои ҷойнамоз бо худованд моҷаро мекунам, ки чаро ба ман писар намедиҳад, то аз таънаю маломати мардум халос шавам. Бузургтарин орзуям дар зиндагӣ писардор шудан аст. Мехоҳам мисли дигарон ман ҳам бачаамро бардошта бо сари баланд ба кӯча бароям, вале аз чӣ бошад, ки худованд ин орзуи маро ҳеҷ амалӣ намесозад. Шавҳарам мухлиси ашаддии ҳафтаномаи «Оила» аст, ҳар шумораашро мутолиа мекунад. Барои ҳамин аз минбари ҳамин газетаи хонаводагӣ ба Мурод муроҷиат карда гуфтаниям:

-Мардакҷон, гумон мекунӣ, ки ман бо хоҳиши худам духтар таваллуд мекунам? Гумон мекунӣ, дили ман барои писардор шудан гум намезанад? Ман аз ту бештар писар доштан мехоҳам, вале чӣ кунам, ки тақдирро тадбир карда намешудааст. Аз чунин зиндагӣ кайҳо безор шудаам, кош Худованд ҷони маро тезтар бигирад, ки дигар суханони нешдори туро нашунавам!


Янгаву қайнӣ - зану шавҳар


 Мурод: 

Пул медоштам, зани бачазой мегирифтам
Имсол синнам ба 40 мерасад, бачаҳои ҷӯраҳоям қариб зангир шудаанд, вале ман то ба ҳол ягон меросхӯр надорам. Баъзан яъсу ноумедӣ чунон диламро мефишорад, ки мехоҳам бо тамоми овоз дод зада, гиря кунам ё сарамро гирифта аз хона баромада равам. Андешаи он ки чор духтарро ба шавҳар дода, дар пирӣ танҳо мемонам, маро мисли каждум дарун ба дарун мехӯрад. Дасту дилам аз ҳаёт тамоман хунук шудааст. Меросхӯр надорам, барои кӣ ин қадар ҷон коҳонда меҳнат кунам? Барои домод? Барои сағераҳои мардум?! Ман ҳам мард ҳастам ва мехоҳам ёру дӯстонамро ба тӯйи шоҳписарам даъват карда, зиёфат диҳам. Мехоҳам аз дасти писарам гирифта бо ифтихор дар кӯчаҳо гаштугузор намоям. Мехоҳам барояш мошинчаю пистолет ва тӯпи футбол харида диҳам. Мехоҳам орзуву ормонҳоямро шиканам, вале ин занаки беақл фақат духтар мезояд. Пештар гули сари сабади дӯстон будам, вале акнун маъракагурез шудаам, мисли занҳо аз хона намебароям, чунки ба куҷое наравам, ҳатман ягон кас «ҳоло ҳам писардор нашудаӣ?» гӯён, маро неш мезанад. Мегӯянд, ки духтар ё писардор шудан ба мард вобастагӣ дорад, вале ман чандин мардонеро медонам, ки баъди зани дуюм гирифтан писардор шудаанд. Як дӯстам мисли ман чор духтар дошт, аз занаш пинҳонӣ зани дигар гирифту як сол нагузашта писардор шуд. Афсӯс, ки ман мисли ӯ сарватманд нестам, вагарна дар болои занам зан гирифта бачадор мешудам. Чандин маротиба ба занам гуфтам, ки пеш аз ҳомиладор шудан ба назди табибон рафта, аз рӯйи маслиҳати эшон амал намояд, шояд мо ҳам соҳиби писар шавем, вале ин бесавод «ҳамааш кори Худо аст» гуфта, бепарво мегардад. Сарҳисоби корамро гум кардаам, охир умри одамизод мисли оби равон ба зудӣ мегузараду дар як мижа задан пир мешавем. Ба наздикӣ як дӯстам нишонии табиби номдореро ба ман дода гуфт, ки барои табобат ба наздаш равам. Охирин умедам ҳамин табиб аст, агар баъди табобат ҳам, писардор нашавам, талоқи Шабнамро медиҳаму сарамро гирифта аз Тоҷикистон баромада меравам.

Маслиҳати равоншинос:

Машав ғамгин, агар духтар бизодӣ,
Ки аз духтар бувад пайваста шодӣ.
Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад.
Бародари азиз, дар писардор нашудани шумо завҷаатон ягон гуноҳ надорад. Аз духтаронатон ношукрӣ накунед, нафароне ҳастанд, ки ба нохуни пойи фарзанд зоранд, вале худованд ин неъмати бебаҳоро насибашон намегардонад. Беҳуда духтарро моли мардум гуфта, ҳам худатон ва ҳам завҷаатонро азоб надиҳед. Беҳтараш духтаронатонро тарбияи нек диҳед, то дар дами пирӣ такягоҳатон гашта, хизмати шуморо аз писар беҳтар ба ҷо биёранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД