Шаби қадр ё лайлатулқадр, ки шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, имсол ба шаби 17 ба 18 апрел рост меояд, хабар дод маҷаллаи "Дин ва ҷомеа".
Тибқи аҳодиси набавӣ шаби қадр дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Он шабе аст, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули қуръон бар дили поки охирин Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид.
Дар ин шаби мардуми мусалмон шабзиндадорӣ ва то рӯз тоату ибодат мекунанд.