Кормандони бозрасии милитсияи пойтахт шаби гузашта се далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиётро ба қайд гирифтаанд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Наҷмиддинзода Фаридун - ронандаи восиаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақамҳои қайди давлатиаш 4305ТТ10, Қамариддинов Аслиддин - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хонда», рақамҳои қайди давлатиаш 0808UQ08 ва Хоҷаев Рустам - ронандаи "Опел", рақамҳои қайди давлатиаш 4848НВ01 дар ҳолати сархушӣ боздошт гардидаанд.
Нисбати номбурдагон бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст.