Formula novemver 2024
Шаби Қадрро чӣ гуна бояд рӯз кард?
1495

 

Рамазон моҳи дуову ибодат буда, тамоми рӯзҳо ин моҳ муборак мебошад. Дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки онро «қалби моҳи Рамазон мегӯянд ва он шаб шаби Қадр аст, ки имсол ба шаби 27-уми апрел рост меояд.

Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр».  Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.

Борҳо аз Паёмбар (с) пурсиданд, ки кадом шаби моҳи Рамазон шаби Қадр аст? Вале он бузургвор ҳаргиз шаби муайянеро ном набурдаанд. Фақат ҳаминро зикр намудаанд, ки «Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳҳаи охири моҳи Рамазон ҷустуҷў кунед».  Шояд ҳикмати номуайян будани ин шаб он бошад, ки рўзадорон барои дарки он дар чанд шаби охири моҳи Рамазон шабзиндадорӣ кунанд ва раҳмату лутфи Худоро бештар ба даст оваранд.

Худи Расули акрам (с) дар даҳ рўзи охири моҳи Рамазон ҷойгоҳи хоби худро ҷамъ намуда, дар масҷид ба эътикоф менишастанд.

Барои шабе, ки умед меравад шаби Қадр бошад, аъмоли фаровоне зикр шудааст, ки ҳар кадом фазилати савоби зиёде доранд.

- Ғусл намудан. Мустаҳаб аст, ки наздикиҳои ғуруби офтоб ғусл намоӣ.

- Хондани намоз.

- Шабзиндадорӣ, ки Паёмбар (с) фармуд: «Ҳар кас аз рўи имон ва барои расидан ба савоби Илоҳӣ шаби Қадрро ба ибодат бигзоранд, гуноҳони гузаштаааш омурзида мешавад».

- Тавбаву истиғғфор. Аз сидқи дил аз гуноҳҳои худ пушаймонӣ кунем ва аз Худо омурзиш биталабем, ки Ў бисёр тавбапазир аст.

- Тиловати Қуръон. То метавонем Қуръон бихонем, ки дилҳоро равшанӣ мебахшад.

- Дуо.

Барои падару модар ва барои ҳамаи мўъминон дуъо кунем. Дуъо мағзи ибодат аст ва Худованд фақат ба хотири дуъо ба мо назар мекунад. Ў худ фармудааст: «Маро бо дуъо бихонед, ман дуъои шуморо иҷобат мекунам».

Бедор намудани аҳли хонавода дар ин шабҳо фазилати бузурге дорад.

Дар ҳадисе омадааст, ки Оиша (р) аз Паёмбар (с) пурсид, ки эй Паёмбари Худо, агар шаби Қадрро дарёфтам чӣ гўям? Паёмбар (с) фармуданд:

«Бигў, эй Бор Худоё! Ту бахшандаӣ ва бахшишро дўст медорӣ, пас маро бубахш».

Афв гузашт аз гуноҳҳо аст ва маънояш талаби бахшиши гуноҳҳо, аз байн бурдани онҳо ва нобудсозии асароти онҳост. Ин далел бар он аст, ки инсон ҳарчанд амали зиёд ва корхои нек анҷом диҳад, тақсир ва кутоҳӣ дар ў вуҷуд дорад, бинобар ин талаби афв мекунад ва мегўяд:

- Эй Парвардигори ман маро бубахш, ман аз ту бахшиш мепурсам.

Дуоҳои зиёде дар мавриди пурсиши афв ворид шудаанд, аз ҷумлаи онҳо дуои Паёмбар (с) аст, ки мефармоянд:

«Эй бори Худоё, ба таҳқиқ ман аз Ту бахшиш, саломатии дин ва дунёамро металабам».

 

Дар ҳадиси ривоят кардаи Салмон (р) фармудаи он Ҳазрат (с) ворид шудааст:

«Дар ин моҳ чор амалро бештар анҷом диҳед: ду амалест, ки бо он ризои Парвардигоратонро ҳосил мекунед ва ду амали дигаре аст, ки шумо аз он бениёз буда наметавонед. Аммо ду амале, ки ризои Худоро таввасути он ҳосил мекунед, он зикри «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва истиғфор намудан аст ва аммо ду амали дигаре, ки шумо аз он бениёз буда наметавонед, ин аст, ки аз Худованд ҷаннатро талабед ва аз оташи дўзах ба Ў таъоло паноҳ баред».

Аз Худованд талаб дорем, ки мову шуморо аз ҷумлаи қабулшудагон ва аз ҷумлаи муваффақшудагон бар амали нек гардонад.

Матлаб аз сомонаи shuroiulamo.tj гирифта шудааст. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД