Васли панелҳои офтобӣ то кадом андоза ба ҳалли мушкили норасоии барқ дар ҷумҳурӣ мусоидат карда метавонад?
Дар посух ба ин саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj вазири энергетиква ва захираҳои оби Тоҷикистон Далери Ҷумъа гуфт: “Васли панелҳои офтобӣ хеле муҳим аст ва барои ворид намудани чунин таҷҳизот ба соҳибкорон имтиёз дода шуда, аз пардохти андоз озод карда шуданд. Ин такони хубест барои истеҳсоли нерӯи барқи офтобӣ ва аҳолӣ ба ин раванд шомил гашта метавонанд”.
- Мо қоидаҳои воридшавӣ ва фурӯши энергияи аз манбаъҳои табиии барқароршаванда истеҳсолшавандаро барои аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ таҳия карда истодаем. Таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя нишон медиҳад, ки мо метавонем то 1000 МВт барқи офтобиро аз ҳисоби аҳолӣ таъмин намоем. Агар корхонаҳои саноатӣ ҳам ба ин раванд шомил шаванд, вазъият боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Шабақаҳои тақсимоти нерӯи барқ метавонад барқи изофаи аз панелҳои офтобӣ ҳосилшударо аз аҳолӣ харидорӣ намояд,- афзуд вазир.