formula
ШАҲБАЧА ЗЕРИ МОШИН МОНДУ...
1912


Давлатманд ба синни 21-солагӣ қадам ниҳода ба қавли пиронсолон “шаҳбачаи таппа тайёр” шуда буд.

Маъмулан, вақте писар ба ин синну сол мерасад, волидон дар ҷустуҷӯи арӯси нозанин афтода, тамоми буду набуди худро бо умед ҷамъ мекунанд, то тӯю тамошо ороста келин фароранд ва фарзан дашонро сари тахти арӯсиву домодӣ шинонда, орзуву ормонҳои худро бишкананд, аммо...

Ҷомаи домодии Давлатманди ноком дар сари мех зору ҳайрон монда, ба ҷойи навои карнаю сурнай аз фазои кошнаи волидонаш садои нолаи ҷигарсӯз ба гӯш мерасад. Модари ҷигарсӯхта дар сӯги шаҳбачаи номурдаш зор-зор нола карда, во балам гӯён бо фиғони ҷонхарош рӯю мӯяшро меканад, падар бо қомати шикаста ба сарнавишти талх лаънат мехонад, бародару хоҳар, хешу табор, ёру ошно ҳама барои ин ҷавони хушсурату меҳрубон, ки шаҳид гаштааст, хун мегирянд...

Сабаби ин ҳама мусибату кулфат беэҳтиётӣ аст, беэҳтиётии ронандае, ки ин ҷавони бегуноҳро бо мошин пахш карда боиси ҳалокаташ гашт. Ин ҳодисаи нохуш шоми 5-уми сентябр, тахминан соатҳои 22:30 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Кемри” Умедҷон Шосаидов ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Корез ба самти маркази ноҳияи Дванғара аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, пиёдагард Давлатмуродов Давлатманди 21-соларо пахш намуд. Ҷавони номурод бар асари ин садама ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар рҳ ба сӯйи бемористон ба ҳалокат расид.

Дар ин рӯзи наҳс боз як садамаи дигари хунин дар ноҳияи Хуросон сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Ландкрузер Прадо”, Раҳмонзода Маҷнун дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Одилов Қамариддини 65-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа марди солор бар асари садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ба сӯйи бемористон ҳалокат расидааст.

Ронанадагони азиз, албатта касе намехоҳад боиси ҳалокати як шахси дигар гашта, як умр худро ба гирдоби ғаму дард гирифтор намояд, вале ба ҳар сурат эҳтиёт кардан шарт аст, зеро эҳтиёт ними ҳаёт гуфтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД