Arzon march 2024
СЕЗАНА (ШАКЛИ ПУРРААШ)
19.06.2021
ДИЛОШУБ
4636

 

   Ҳамагӣ панҷову як сол дорам, аммо дилам аз оламу одам мондааст. Умрамро бо кори вазнини боғдорӣ ва занбӯри асалпарварӣ сипарӣ мекунаму ду фарзанди бемодарамро худам нигоҳубин мекунам.

Азбаски маълумоти олии педагогӣ дораму дар факултаи филология таҳсил намудаам, ба сухан эҳтироми беандоза дорам. Дар вақтҳои бекорӣ китоб мехонам, ҳафтаворҳои давриро мутолиа мекунам. Қиссаҳои «Оила»-ро мехонам, ки ҳақиқати зиндагиянд. Пас аз андешаҳои зиёд хостам қиссаи талху заҳрогини ҳаётамро ба шумо нақл кунам, ҳарчанд тақдирро тадбир нест, аммо дилам холӣ мешавад…

   Яккаписар

Ман дар хонаамон писари ягонаи волидайнам будам. Падарам дар колхоз тракторчӣ буданду дар як садама сахт маҷрўҳ шуда, аз пойи равон монданд. Модарам бо нӯги сўзан ва нафақаи маъюбии падарам рўзи моро пеш мебурд. Дӯзандаи хуб, ки буд, мизољони зиёде дошт, ягона орзуи волидонам хонондану маълумоти олӣ додан ба ман буд. Ман дар мактаб хуб мехондам ва баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи омўзгорӣ дохил шудам. Дар курси панљум мехондам, ки падарам тўйи хонадоршавии маро надида, аз олам гузашт. Ман модари ғамзадаамро танҳо гузоштан нахоста, ба шуъбаи ғоибона гузашта, дар мактаб ба кор даромадам, дарёи зиндагӣ дар маљрои худ равон буд. Соли падарамро додем, модарам ҳам каме ба худ омад. Барои хушнудии модарам тамоми пулу пайсаи доштаамонро сарф намуда, хонаву дарро зебо таъмир намудем. Модарам бо шӯхӣ мегуфтанд, ки акнун дар ин хона як арўс намерасаду халос. Ман медонистам, ки модарам ба ман чӣ қадар умеду армон дорад ва ҳаққи интихоби арўсро ба вай вогузоштам…

   Тўйи хонаободӣ

Модарам қариб ду моҳ келин кофтанд ва оқибат як хеши дури падарамро аз деҳаи ҳамсоя хуш карданду маро гуфтанд, ки духтарро рафта бинам. Агар маъқул шавад, ба хостгорӣ меравем, ҳарчанд гуфтам, ки шумо дидед бас, аммо модарам “ту ҳам бин” гўён, маро маљбур кард. Духтарро дидам, ў қоматбаланди сабзинаву ситорагарме будааст. Ба модарам розӣ буданамро гуфтаму ў аз пайи хостгорӣ шуд. Ростӣ, дилам ба ҳоли модарам месўхт, ҳарчанд холаву тағоҳоям дар бараш бошанд ҳам, танҳоӣ мекашид. Тарафи арўс ҳам ба хотири арвоҳи падарам он қадар чизи зиёде талаб накарданд ва мо тўйи хоксоронае ороста, арўсро овардем. Зиндагиямон хеле хушу гуворо оғоз шуд, Гулпарӣ духтари чаққоне буд. Ў бо кору бори занонаи хона иктифо накарда, дар замин мисли як мард кор мекард ва маро низ ба ин кор талқин карда мегуфт:

-Танҳо маошатонро нигоҳ карда наистед. Падару бародарони ман аз фурўши маҳсулоти полезӣ ва мева даромади хубе ба даст меоранд.

Бо ташаббуси ў тамоми дарахтони пири боғамонро бурида, ниҳолҳои нави меваҳои гуногун шинонидем. Аз дидани боғи навбунёд ва ҳотаи батартибу сабзу хуррам дили кас кушода мешуд. Як оилаи занбӯри асал низ гирифтему бо талош пайи кор будем.

   Шодиву мусибат

Баъди якуним соли тўйи арўсиям Гулпарӣ писараки зебое ба дунё оварда, сари маро ба осмон расонид. Хурсандии модарам ҳадду канор надошт, гирди наберааш парвона буду садқаву балогардони келинаш мешуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки камбағалро аз болои шутур саг мегазад, Аҳмадҷони мо яксола шуду Гулпарии қобилу чаққони ман ба дарди бедавои саратони бачадон гирифтор гашт. Даводави ман ба дари духтуру табибу мулло фоидае накарду ў дар дили мо доғ монда, аз олам гузашт. Марги Гулпарӣ маро ба ҳолати рўҳафтодагии сахт гирифтор кард, пинҳон аз ҳама сари замину даруни хонаи холии беарўсам зор-зор мегиристам. Нигоҳҳои ашколуди Аҳмадљони модарљў ҷигарамро пора мекард. Модарам дар ҳасрати арўсаки нокомаш зор-зор мегирист, аммо пеши аҷал ҳама бечора будем. Ба хотири модари пиру фарзанди ятимам миёнамро бастаму аз ҷой хестам, дигар илољ надоштам. Бо ғаму дарду гиряву нола ду сол аз марги ҳамсарам сипарӣ гашт. Аҳмадҷон калонакаку гапдонак шуда буду андўҳи дили зори маро мешўст. Бо писарам андармон шуда, чӣ гуна сипарӣ шудани рўзҳоро намедонистам. Асло андешаи зангирӣ ба сар надоштам, вале модарам аз хастагияш шикоят мекарду мудом фишораш баланд мегашт, ман маҷбур шудам, ки бори дуюм оиладор шавам…

    Бахти дуюм

Зани дуюмамро зани тағоям ёфт, духтари синну солаш калоне буд. Асила низ зани хуб баромад, дӯзандаи чирадаст буду бори зиндагиро ҳамроҳи ман мекашид. Аз ҳама муҳимаш Аҳмадҷонро зиёд дўст медошту модарамро ҳурмату эҳтиром менамуд. Бо омадани ў хона аз нав нур гирифт, гўё Гулпарӣ зинда шуда буд. Ман низ оҳиста–оҳиста ба Асила дил бастам. Аз зиндагии оилавиямон се сол гузашту баъди табобатҳои зиёд Асила ҳомиладор шуд. Ман намемондам, ки ў кори вазнин кунад, ҳамеша ёвару мададгораш будам ва умед доштам, ки тифлакашро сиҳату саломат ба дунё меорад.

Мўҳлати ҳамл гузашту Асиларо дарди зодан гирифт, бо мошини ҳамсоя ўро ба зоишгоҳ бурдем. Духтурон ҳолаташро вазнин арзёбӣ карданду гуфтанд, ки кўдакро бо чоки қайсар мегиранд. Аммо ҳеҷ не, ки фишори Асила паст шавад, духтарчаамон ба дунё омаду Асила сари фарзанд рафт. Ҳоли маро худам медонаму Худо, шарму ҳаёро фаромўш карда, мисли занон ҳой-ҳой мегиристам. Модари Асила назди ҳама бо овози баланд маро занкушу духтари нав ба дунёомадаамонро сархўр гуфта, мурдаи духтарашро ба хонааш бурд. Ман тифлаки гирён дар даст лолу ҳайрон мондам. Баъди ин ҳодиса модарам низ касалӣ шуд, акнун нигоҳубини кўдаки навзод ба дӯши ман буд. Аҳмадљон, ки акнун ба синфи як мерафт, дар кору бори рўзгор ба ман ёрӣ мерасонд. Ёдгора шашмоҳа шуд, ки модарам бо дарду алами зиёд дунёро падруд гуфту мо тоқаву танҳо мондем…

   Бевамард

Кори мактабро бас кардам, дар боғу роғам меҳнат карда, аз ҳисоби фурўши меваю асал зиндагиямро пеш мебурдам. Ёдгораро худам сесола кардам, гумон доштам, ки дигар ҳеҷ гоҳ зан намегирам, аммо…

Холаам ба ҷону ҳолам намонда, як зани аз шавҳараш ба иллати бефарзандӣ ҷудошударо аз як деҳаи дурдаст ёфта, ба ман дод. Латифа бисёр соҳибҷамолу зика буд. Кўдаконро аз таҳти дил нигоҳубин карда, хонаву дарро мисли оина тоза нигоҳ медошт. Ҷони ману Аҳмадҷон аз корҳои занона халос шуда, нафаси осуда кашидем. Кўдакон ба Латифа аз рўзи аввал дил бастанд, хоса Ёдгора очаљон мегуфту аз доманаш канда набуд, аммо…

Аз он чизе, ки метарсидам, ба сарам омад… Латифа ба бемории зарпарвин гирифтор шуда, дигар аз бистар барнахост. Ду сол бемордорӣ кардем, аммо љонашро харида натавонистем. Дигар ашкам намебаромад, дилам дар қафаси сина санг баста буд. Ба Ёдгораи гирён менигаристаму аъзои ҷонам месўхт, аммо гириста наметавонистам.

Инак, ҳашт сол мешавад, ки танҳоям. Ростӣ, пайвандонам мегўянд, ки ин љо ту айбе надорӣ, кори Худо асту бори дигар хонадор шав, вале ман намехоҳам.

Мешунавам, ки дар мардум ба ман бевамард лақаб додаанд, аммо худро ба карӣ мезанам. Аҳмадҷон донишљў аст, ният дорем, ки хонаву дар, боғу роғамонро фурўхта, дар шаҳр ҳавличае харида, он ҷо кўч бандему фарзандонамро низ дар хонаи нав хонадор кунам. Аз Худованд илтиҷо мекунам, ки ба онҳо бахт диҳад…

   Юсуф

                                       

                            

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД