Arzon march 2024
Севинч Муминова ҳоҷӣ шуд!
1625

 

Севинч Мӯъминова, овозони маъруфи ӯзбакистонӣ, ки дар Тоҷикистон низ мухлисони сершумор дорад, ба зиёрати хонаи Худо рафт.

Ин ҳунарманди саршиноси ӯзбек бо гузоштани аксу наворҳо дар саҳифаи шахсиаш аз сафари худ хабар дод.

Дар наворе ки Севинч дар Фейсбук гузоштааст, дида мешавад, ки бо чеҳраи нимпӯш ва забони ӯзбекӣ мегӯяд, ки инак дар даргоҳи муқаддас қарор дорам азизонам ва он дуо, хоҳишу илтиҷоҳое, ки ба воситаи ман баён доштеду фиристодед бароям амонат аст, иншооллоҳ бо дилу нияти пок ба ин ҷо омадем дуоҳоу хоҳишҳои ҳамаи мухлисонро мерасонем.

 

Наворе, ки Севинч аз рафти зиёраташ бардоштааст, чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанаду мухлисонаш барояш дуои нек навиштаанд. Шарҳҳои бештари мухлисонаш мусбат буда, пешниҳод низ кардаанд, ки “Сатр бисёр зебидааст, хуб мешуд баъди ин сафар тарки саҳна карда, сатрашро аз сар бадар накунад. ”

Вале маълум нест Севинч баъди баргаштан аз Хонаи худо чи роҳеро пеш мегирад. Боз рӯи саҳна меояд ё тарки саҳна мекунад, зеро дар ин бора ҳанӯз шарҳе надодааст.

Ёдовар мешавем, ки Севинч Мӯъминова, ҳунарманди узбакистонӣ 30-уми июли соли 1982 дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 2010 бо сарояндаи дигар ӯзбек Шароф Муқомов оила барпо карда, бо як духтарчаи дӯстрӯяк баъди 7 соли ҳамзистӣ ҷудо шуданд.

Севинч Муминова дар баробари Ӯзбекистон, дар Тоҷикистон мо низ маҳуббияти беанзода дорад. Дар чорабиниҳои фарҳангии кишвари мо низ пайваста иштирок мекунад ва доираи мухлисони тоҷику тоҷикистониаш кам нест.

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД