Formula novemver 2024
Сеҳру ҷоду чӣ нишонаҳо дорад?
889


Як дугонаи ман ба илму амал ва ҷодугарӣ машғул аст. Мегӯяд, ки бо ҷоду пеши роҳи бахт ва кори инсонро баста, ҳатто ӯро ба марг расонидан мумкин аст.

Ин гапҳо ягон асос доранд? Ҷоду шудани худро кас аз рӯйи кадом нишонаҳо фаҳмида метавонад?
Заррина, н. Абдураҳмони Ҷомӣ.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Сеҳру ҷоду дар ҳақиқат ба саломатию ҳаёти инсон таъсир мерасонад. Ҷодушуда будани шахсро аз рӯйи ин нишонаҳо фаҳмидан мумкин аст: сардарди ҳамешагӣ, бозмондан аз зикри Худо, парешонфикрӣ, танбалӣ, дард кардани аъзои бадан аз қабили дил, сар, дасту по, ки табибон онро ташхис ва табобат карда наметавонанд.

Ҷодушудагонро танҳо бо оятҳои қуръонӣ муолиҷа карда мешавад. Агар дугонаи шумо ҷодугар аст, ӯро насиҳат кунед, ки аз роҳаш баргардад. Дар сурати аз ҷодугарӣ даст накашиданаш аз ӯ дурӣ биҷӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД