Серхио Рамос метавонад ба футболи Аврупо баргардад
30.12.2025
Oila.tj
80

Собиқ ҳимоятгари дастаи “Реал Мадрид” - Серхио Рамос метавонад ба футболи Аврупо бозгардад. Дар ин бора нашрияи Actu Foot хабар додааст.

ТВ “Варзиш” бо истинод ба ин манбаъ хабар медиҳад, ки клуби фаронсавии “Нитса” ба имзои шартнома бо ин футболбоз таваҷҷуҳ дорад. Миёни Рамос ва намояндагони клуб музокирот идома доранд.

“Нитса” имкони бастани шартнома бо ҳимоятгари марказии испаниро баррасӣ мекунад, ки ҳадафаш бозгашт ба футболи Аврупо мебошад. Таъкид мешавад, ки пешниҳоди дастаи фаронсавӣ ҷиддӣ аст ва музокирот миёни ҷонибҳо аллакай оғоз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки охирин клуби Рамоси 39-сола “Монтеррей”-и Мексика буд, ки ӯ дар аввали моҳи декабри соли ҷорӣ онро тарк кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД