Барфу борони рӯзҳои 18-19-уми октябр дар қаламрави кишвар сабаби ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ гашт. Аз ҷумла дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ сел омада, бар асари ин офати табиӣ роҳ муваққатан баста шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар додааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки рӯзи 19- октябр, соати 17:09 боришоти шадид сабаби омадани сел дар километри 322- роҳи мошингарди Душанбе – Дарвоз-Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Шкеви ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, гашта, дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуда, мошинҳо аз ҳаракат бозмонданд.
Бо талоши кормандони вазорати нақлиёт ва ҷалби техника паёмадҳои ин офати табиӣ бартараф карда шуда, соати 19:05 дақиқа роҳ боз шуд. Ҳоло мошинҳо дар ин роҳ аз ду ҷониб бе мамониат равуо доранд.