arzon replenishment
Сел меборад ва тарма мефарояд?
1022


Ба иттилоои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 май эҳтимоли омадани сел дар якчанд ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд вуҷуд дорад.


Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо хатари боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст. Боронҳои пуршиддат бо раъду барқ метавонанд таҳдидҳои дигар низ дар пай дошта бошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар манбаъҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД