Formula novemver 2024
Сел дар Деваштич чи харобиҳо овард?
833


20-уми июн дар 4 деҳаи дурдасти ноҳияи Деваштич борони сел борида хонаҳои сокинони деҳот ва пулу заминҳои кишти зиёде аз ин офати табиӣ зарар диданд.

Мардум ҳанӯз ҳам дар тарсу ваҳманд, ки боз сел омада, кишту плиз ва бому дарашнро вайрон накунад...
Яке аз ин деҳаҳои аз сел зарардида деҳаи Басманда мебошад,ки аз маркази ноҳия 60-65 клометр дур ва дар доманакӯҳҳо ҷойгир шудааст. Мардуми ин деҳа асосан ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғуланд, аммо бар асари борони сел роҳҳои мошингард, чуйборҳо, сарбанди оби заминҳои кишт, заминҳои сой ва хонаву оғилхонаҳои сокинони деҳаи Басманда зарар дидаанд. Бино ба гуфти аҳлии деҳа саҳар ҳаво офтобӣ буда, касе гумон надошт, ки селборон меборад, вале офати табиӣ ба мисли балои азими якбора аз осмон фаромада, харобкориҳои зиёде кардааст.
“Аксари мардум он рӯз бо либоси тунук ба саҳро рафта буданд. Баъди нисфирӯзӣ якбора сел омад ва онҳое, ки хонаҳояшон дар маҳаллаи Даҳони остона ҷойгир аст, натавонистанд ба манзили худ баргарданд, чунки бар асари сел роҳ касногузар шуда буд. Танҳо соати 6-7 и бегоҳ онҳо тавонистанд ба хонаҳояшон баргарданд”-гуфт яке аз сокинони деҳа зимни суҳбат бо мо.
Ҳаҷми зарари расонидаи сел ба аҳолии ин деҳа ҳанӯз маълум нест, аммо вақти боридани селборони пуршиддат садҳо сар гову чорвои майдаи мардум дар кӯҳу саҳро будааст. Маълум нест, ки чанд сар чорворо сел бурдааст, аммо заминҳои киште, ки дар сой ва пастиҳои ҷойгир буданд, пурра нобуд шуда, зери лой ва сангреза мондаанд. Хушбахтона, таалфоти ҷонӣ бар асари ин офати табиӣ мушоҳида нашудааст.
Дар давоми ду моҳи охир ин дуюмин офати табии харобиовар дар ноҳияи Деваштич мебошад. Боришоти шадиди рӯзҳои 4-5-уми май низ дар ноҳияи Деваштич сабаби обхезӣ ва омадани сел гашта буд. Наворҳо аз ҷараёни селборон ва зарари ин офати табиӣ ба хҷагии халқ дар ноҳияи Деваштич дар шабакаҳои интернетӣ паҳн гашта, барои ҳаҷми зарари ин офати табииро фаҳмидан мо ба кормандони ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Деваштич занг зада будем, аммо то ҳол маълум нест, ки борони сели рӯзи 20-уми июн борида ба аҳолии чор деҳа чи қадар зарар расидааст. Масъулини ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллада гуфтанд, ки зарари офат муайян карда мешавад.

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД