Arzon march 2024
Себ дар хоб чӣ таъбир дорад?
3847

Чанд шаб боз себ хоб мебинам. Гоҳе дар хобам себ мечинам, гоҳи дигар дар боғи себ сайругашт мекунам ва гоҳе мазза карда себҳои суп-сурхи яллақосиро мехӯрам. Мехоҳам донам, ки себ, махсусан себи сурх дар хоб чӣ таъбир дорад?

Назира, хонандаи "Оила"

Себ дар хоб рамзи муваффақият ва барори кор мебошад. Чунин хоб аз он дарак медиҳад, ки тақдир барои шахси хобдида туҳфаи олиҷанобе тайёр карда истодааст ва хурсандию хушбахтииҳои зиёде дар пеш ӯро интизоранд.

Боғи сабзу хуррами пур аз дарахтони себ дар хоб рамзи зиндагии серу пур ва ҳаёти осоишта мебошад. Хоб бинед, ки себ чида истодаед, дар ҳаётатон ягон ҳодисаи хурсандиовар рӯй медиҳад. Хӯрдани себ дар хоб ба моҷарои ошиқона ишорат мекунад, шахси чунин хоб дидаро ишқу муҳаббати гарму сӯзон интизор аст.

Себи сурх хоб бинед, тамоми нақшаҳоятон амалӣ мегарданд. Чидани себи сурх дар хоб нишонаи пешравӣ дар кор будааст. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, соҳиби мансаб мешавад ё ягон лоиҳаи бобарорро амалӣ намуда, даромади калон ба даст меорад.

Дар хобатон касе ба шумо себи сурх диҳад, падар, модар ё ягон хеши наздактон хона, мошин ё зару зевар ва ҷавоҳироти қиматбаҳоро ба шумо мерос мегузорад.

Хоб бинед, ки дарахти пур аз себи сурхро тамошо карда истодаед, дӯстони содиқе пайдо мекунед, ки дар зиндагӣ барои шумо такягоҳи боэътимод хоҳанд гашт.

Аммо буридану реза кардани себ дар хоб хосияти хуб надорад. Хоб бинед, ки себ пора карда истодаед, аз дӯстонатон ҷудо мешавед.

Себи турш ё пӯсида дар хоб ба ғаму дард ишорат мекунад. Нӯшидани шарбати себ дар хоб нишонаи беморӣ аст.
Аммо шапондани дарахти себ дар хоб бисёр хуб буда, ба саломатӣ ва хушбахтӣ ишорат мекунад.

Хоб бинед, ки себҳои зиёде дар зери пой рехтаанд, бидонед, ки ҳасудону бадхоҳонатон бахилӣ карда, дар сари роҳатон чоҳ мекананд ва метавонанд ба шумо осеб расонанд.

Дар маҷмӯъ себ, махсусан себи сурх дар хоб фоли нек буда, касе, ки чунин об мебинад, дар ҳаёташ тағйиротҳои калон ба амал меоянд ва зиндагии серу пури шоҳона ва пурсаодат ӯро интизор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД