Шаби 7 ба 8-уми июн дар деҳаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат дар манзили Карим Холмуродов сӯхтор рух додааст.
Сабаби ҳодиса беназорат гузоштани шамъ гуфта мешавад. Оташсӯзӣ масоҳати 35 метри мураббаъро фаро гирифта, дар натиҷа, аз дуди ғализ се фарзанди ноболиғи соҳиби хона ҷони худро аз даст додаанд.
Гуфта мешавад, ки мақомот ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.