Дар Душанбе се мард бо гумони содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати як хонандаи синфи 5 боздошт шудаанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки гумонбарон аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир шудаанд.
Ба иттилои мақомот, Рустамҷон Саидов ва Авазбек Салмониев ба алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва Иномҷон Бобоназаров ба содир кардани амалҳои шаҳвонӣ нисбати духтар гумонбар мешаванд. Мақомот мегӯянд, дар рафти тафтиш муайян шудааст, ки ҳар се гумонбар дар вақтҳои гуногун, бо вуҷуди огоҳ будан аз он ки ҷабрдида хонандаи синфи 5 мебошад, нисбаташ амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ анҷом додаанд.
Ҳоло ҳамаи гумонбарон ба ҳабс гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.