Бозиҳои олимпии Париж-2024 анҷом ёфт. Тоҷикистон бо се медали биринҷӣ миёни 206 давлати иштирокчӣ мақоми 79-умро касб кард. Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) аз ҷудо ва Давлат Болтаев (-92 кг) аз бокс медалҳои биринҷии Тоҷикистонро соҳиб шуданд.
ТВ “Варзиш” ёдовар шуд, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз соли 1972 то соли 2024 ҳамагӣ 13 медал ба даст овардаанд, ки панҷ тило, як нуқра ва ҳафт биринҷӣ мебошад.
Медали тило - Юрий Лобанов (соли 1972, Олимпиадаи Мюнхени Олмон, каноэи дукаса).
2 медали тило - Анатолий Старостин (соли 1980, Олимпиадаи Москваи СССР - 2 медали тило, панҷҳарбаи муосир - дар ҳисоби инфиродӣ ва дастаӣ).
Медали тило - Андрей Абдувалиев (соли 1992, Барселонаи Испания - гурзандозӣ).
Медали тило - Дилшод Назаров (соли 2016, Олимпиадаи Рио-Де-Жанейрои Бразилия - гурзандозӣ).
Медали нуқра - Юсуф Абдусаломов (соли 2008, Олимпиадаи Пекини Чин аз гӯштини тарзи озод).
Медали биринҷӣ - Зебуннисо Рустамова (соли 1976, Олимпиадаи Монреали Канада - камонварӣ).
Медали биринҷӣ - Юрий Лобанов (соли 1980, Олимпиадаи Москваи Иттиҳоди Шӯравӣ - қаиқронӣ дар каноэи дукаса).
Медали биринҷӣ - Расул Боқиев (соли 2008, Олимпиадаи Пекини Чин - ҷудо).
Медали биринҷӣ - Мавзуна Чориева (соли 2012, Олимпиадаи Лондони Англия - бокси занон).
Медали биринҷӣ - Сомон Маҳмадбеков (соли 2024, Олимпиадаи Париж, Фаронса - ҷудо).
Медали биринҷӣ - Темур Раҳимов (соли 2024, Олимпиадаи Париж, Фаронса - ҷудо).
Медали биринҷӣ - Давлат Болтаев (соли 2024, Олимпиадаи Париж, Фаронса - бокс).