formula feb 2025
Се кӯҳгарди роҳгумзада наҷот дода шуданд
17.02.2025
Oila.tj
328

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз наҷоти 3 узви як оила хабар додааст, ки дар кӯҳҳои ноҳияи Дӯстӣ раҳгум задаву илоҷи поин омадан надоштаанд.

Бино ба иттилои ҚҲФ, рӯзи 14-уми феврали соли равон тахминан соати 20:43 дақиқа ба қисми навбатдорӣ хабар расидааст, ки се узви як оила аз деҳаи Энгелси ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Бахлӣ, ки аз 41 то 53 сол доштаанд, сайру саёҳати кӯҳ рафтаву роҳгум задаанд. Бо дарёфти хабар имдодгарони бахши наҷоти Раёсат дастбакор шудаанд. Онҳо ба маҳале, ки гуфта мешуд ин кӯҳгардони ноозмуда қарор доранд, боло шудаанд. Ҷустуҷӯ то нимишабӣ, соати 00:50 рӯзи 15-уми феврал идома ёфтааст. Билохира ин се танро пайдо карда, саломат аз қулла ба поин овардаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки агар дар дил ҳаваси кӯҳгардӣ доранд, пас масиреро интихоб кунанд, ки хуб медонанд. Ҳамчунин кӯҳгардоне, ки бо қоидаҳои кӯҳгардӣ ошно нестанд, бояд аввал ин гуна қоидаҳоро биёмӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД