Sebiston new 2024 october
СЕ КӮДАК ДАР ДАРЁИ ДУШАНБЕ ҒАРҚ ШУД
1284


Бо гарм шудани ҳаво кӯдакон, махсусан писарбачаҳо худро ба соҳили рӯду дарёҳо мезананд. Албатта оббозӣ кардан ба саломатии инсон фоида дорад, вале худро ба об афкандани шахсе, ки ҳунари оббозӣ надорад, бисёр хатарнок буда, боиси сар задани ягон фоҷиа гашта метавонад.

Ҳодисаи ҷигарсӯзе, ки дар маҳаллаи Гулбутта рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост.

Рӯзе 16-май, дар оби хурӯшони дарёи Душанбе 3 писарчаи зебо, ки яке 7 сол, дигарӣ 8 сол ва саввумӣ 11 сол дошт, ғарқ шудаанд. Писаракон, ки ду нафарашон аз як оила, яъне акаву додар будаанд, ҳангоми дар маҳаллаи Гулбутта, дар шафати корхонаи коркарди қуму шағали ҶДММ “Дарё” дар оби хурӯшони дарёи Душанбе оббозӣ кардан ғарқ шудаанд.

Як марди роҳгузар бо исми Қурбоналӣ Мирзоев шоҳиди ин манзара гашта, худро чолкона ба об меандозад, то писарбачаҳоро наҷот диҳад. Курбоналӣ Мирзоев тавонист бародарон Муҳаммадрасул ва Муҳаммадҷонро аз об барорад, вале яке аз кӯдакон аллакай мурда буду писарчаи дуюмро фавран ба беморхонаи Истиқлол бурданд. Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Бадбахтона, наҷот додани писарбачаи сеюм ба наҷотдиҳандагон муяссар нагашт. Ҷасади ин бачаи нокомро аз об пайдо карданд.
Мо аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд, зеро бепарвоӣ нисбати кӯдакон метавонад боиси сар задани чунин фоҷиаҳо гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД