...Шаб ҳам фаро расид. Ҷовид ба фикру хаёл дода шуда, то субҳ хоб накард. Субҳи барвақт аз хоб хесту субҳонаашро нахӯрда, ба мактаб равон шуд. Дар ҳавлии мактаб нохост бо Сайёра рӯ ба рӯ гашт. Бори дигар барои хатои кардааш аз ў бахшиш пурсид. Духтарак хандакунон ба чашмони Ҷовид нигоҳ кард, вале аз шарм сурх шуду давида, ба синфашон даромад...
Идомаи қиссаи мазкурро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила”, ки аллакай дар фурӯш аст, пайгирӣ намоед!
Амрикоидухтаре, ки тоҷикона мерақсад
...-Вақте дар яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсилро сар кардам, соли 2015 ба хотири пардохти маблағи яксолаи таҳсилам, ба кори нағзтар ниёз пайдо шуд. Бо маслиҳати дӯстон ба ансамбли “Лола” рафтам. Маҳорати рақсиамро дида, маро ба кор гирифтанд...
Суҳбати хабарнигори моро бо Тара Катерин, амрикоидухтаре, ки тоҷикона мерақсад, аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” мутолиа кунед!
Оилаи Камоловҳо ба “Китоби рекордҳои Русия” дохил шуданд
... Овозхони маъруфи тоҷик Ҳасан Камол, писари овозхонаш Шерози Камол ва духтараш Паричеҳраи Камол сурудеро бо забони русӣ тариқи онлайн суруда, шаҳодатномаи марафонро барои иҷрои беҳтарин ва машҳуртарин суруд ба даст оварданд. Онҳо суруди “Рӯзи Ғалаба” (“День Победы”)-и шоир Владимир Харитонов ва оҳангсоз Давид Тухмановро иҷро карда буданд ва баҳои баландро савозор гардиданд...
Аз номаи Шабнами Сурайё ба унвони худаш, ҳомиладоршавии ҳамсари Мурод Йилдирим, то ректори донишкада шудани Озодбек Назарбеков ва рӯҳи Аҳмад Зоҳирро шод кардани Фотима Машрабова дар саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила”.
Ҳисор: Духтари 12-сола кӯдак таваллуд кард
...Ҳодиса соли 2019 рух дода бошад ҳам, доғи худро аз саҳфаи сарнавишти ин навраси бегуноҳ шуста наметавонад. Ҳусниддин Абдуллоеви 42-сола қариб ҳамсоли падари духтарак аст, вале ба духтари навраси ҳамсоя чашм ало карда, Зарипова Сумая Хайриддиновнаи 12-соларо дар оғили хонааш таҷовуз кард. Айни замон вазъи саломатии тифлаки навзоди Сумая вазнин арзёбӣ мешавад...
Идомаи ин ҳодисаи нангинро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” пайдо намуда, мутолиа кунед!
Санҷишнома: Шумо аз пашша фил месозед?
...“Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист” гуфтаанд, бузургон ва дар ҳақиқат ҳаёт пур аз рӯйдод асту хонадоне бе камбудӣ ва мушкилӣ намешавад. Каманд нафароне, ки дар пасту баландиҳои ҳаёт сабур бошанд. Оё шумо аз зумраи нафароне ҳастед, ки бо пайдо шудани каме душвориву мушкилот ба воҳима меафтед ё то охирин лаҳза худро ба даст гирифта метавонед?
Ба ин суол посух гирифтан хоҳед, ба пурсишҳои зерин, ки дар саҳифаи “Худро бисанҷ”-и ҳафтаномаи “Оила” ба табъ расидааст, софдилона ҷавоб гӯед!
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:
238-52-52
«Маро танҳо нагузор»
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!