Oila 5 years
Сайрҳои рӯзҳои истироҳат (23-24 сентябр)
5981

Барои онҳое, ки давоми ҳафта ҳамагӣ 5 рӯз кор мекунанду рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳат, шояд ҳанӯз муаммо бошад, ки ин ду рӯзро чӣ гуна гузаронанд? Бо кори хона банд шаванд, ё ба фароғат?

Мо барои шумо феҳристи чорабиниҳои рӯзҳои 23 ва 24-уми сентябрро омода кардем. Шинос шаведу интихоб кунед, ки ба кадомаш меравед: 

“День карьеры” дар Душанбе

Дар ин чорабинӣ маърӯзачиён ба шумо дар бораи асрори муваффақият, ҳолатҳои ҷолиб ва асбобҳои инноватсионӣ суҳбат мекунанд.

Маърӯзачиён:

  • Заррина Раҷабова, менеҷери IT ширкати “Алиф”: “IT чист ва он бо чӣ меояд”;
  • Фирӯз Сафаров, маркетологи ширкати “Додо питзо”: “Маркетинг дар Dodo Pizza чӣ гуна кор мекунад”;
  • Далер Каримов, иҷрокунанда муовини раиси Алиф Бонк: “Идоракунии захираҳои инсонӣ”.

Имкониятро аз даст надиҳед, ки худро дар олами имкониятҳо ғарқ кунед ва уфуқҳои худро барои рушди касбӣ васеъ кунед.
Иштирок ройгон аст, инчунин фуршет ва тӯҳфаҳо пешниҳод карда мешаванд.

Кай: 23 сентябр, соати 11:00
Дар куҷо: хиёбони Сомонӣ, 47

Саёҳат ба Ҳафткӯл

Ҳафткӯл на танҳо бо кӯҳу кӯлу дарёҳояш, балки бо таъриху маконҳои муқаддасаш ҳам ҷолиб аст.

Нарх: 550 сомонӣ
Кай: 23-24 сентябр
Телефон барои тамос: +992989903020

Филми “Звук свободы” ("Садои озодӣ")

Филм соли 2023 аз ҷониби кишварҳои ИМА ва Мексика бароварда шудааст. Коргардонаш Алехандро Гомес Монтеверде ва дар нақшҳои асосӣ Ҷеймс Кавизел, Билл Кэмп, Хавьер Годино ва Эссика Боррото Перриман ҳунарнамоӣ мекунанд. Жанраш тарҷумаи ҳолӣ, триллер, ҷиноят ва давомнокиаш 130 дақиқа аст.

Кай: 22-23 сентябр
Дар куҷо: Кинотетари “Премьер Зал"
Нархи чипта: аз 24 сомонӣ оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД