“Сайри Сада” дар шаҳри Душанбе
28.01.2026
Оила
28

“Сайри Сада” дар шаҳри Душанбе

Рӯзи 31-уми январ барои меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе як хатсайри ройгони сайёҳӣ бо номи “Сайри Сада” ташкил карда мешавад.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили ҷашни бостонии Сада роҳандозӣ гашта, дар он сайёҳони хориҷӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок карда метавонанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ соати 8:00 рӯзи 31-уми январ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҷамъ меоянд ва соати 8:30 корвон сӯйи макони ҷашнгоҳ-боғи фарҳангию фароғатии чашн Фирдавсй равон мешавад. Дар ҷараёни сафар роҳбаландон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи ҷашнвораи Сада маълумот медиҳанд.

Сабти ном комилан ройгон буда, вазорату, идораҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ метавонанд меҳмонони худро тавассути шабакаҳои зерин номнавис намоянд:

- Facebook: Dushanbe-travel

- Instagram: dushanbe.travel

- rushdi.sayohi@gmail.com

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД