arzon replenishment
Сайри ройгон ва дарҳои кушоди боғ: Чорабиниҳои Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ
3153

Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлили 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин бора Ақлиддин Авғонов, сухангӯи Кумитаи рушди сайёҳӣ ба Oila.tj иттилоъ дод.

Ба баёни ӯ, дар чорабинии мазкур кормандони дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони вазорату идораҳо, устодону коршиносони соҳаи сайёҳӣ, намояндагони меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

“Зиёдулло Салимзода, муовини раиси Кумита ҳозиринро ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ табрику муборакбод намуда, барои пешрафту ноил гардидан ба дастовардҳои нав таманниётҳои нек намуд. Ӯ гуфт, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуда, дар доираи узвият дар ин ниҳоди махсусгардонидашудаи СММ ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳиро таҷлил менамояд. Ин ҷашн дар саросари дунё аз соли 1979 таҷлил гирифта шуда, ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни кишварҳо ва мардумони гуногуни олам мебошад”, - иттилоъ дод сухангӯи Кумита.

Ба таъкиди ӯ, имрӯз аз ҷониби Кумита баъди нисфирӯзӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар сайри ройгони пойтахт доир гардида, қисмати шом кормандони дастгоҳи марказӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар масъулини соҳа низ тариқи автобусҳои дуошёна шаҳри Душанберо тамошо мекунанд.

Ҳамзамон, айни замон, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Душанбе-шаҳри имкониятҳои рушди сайёҳии устувор” доир шуда истодаст.

Ба ғайр аз ин, имрӯз бо мақсади истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт дар Боғи фарҳангию фароғатии "Хайём"-и шаҳри Душанбе рӯзи дарҳои кушод эълон шудааст, ки сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд аз соати 10-и субҳ то соати 23-и шаб ба ҳудуди боғ ройгон ворид шаванд.

Дигар чорабиниҳо ба муносибати ин сана дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД