Gazprom july 2025
Сайрамбӣ Ҳикматова: Шавҳарамро зан дода, пушаймон шудам
16.08.2025
Oila.tj
520

Салом! Ман як зани дар зиндагӣ хатокардаи тоҷик, мехоҳам саргузаштамро нақл кунам, то ки ба дигар занҳо дарси ибрат гардад ва кори кардаи маро ҳаргиз накунанд.

Чанд сол пеш бемор шудам ва кори савоб карданӣ шуда, бо дасти худам шавҳарамро зан додам. Он вақт 44-45-сола будем. Вале бовар кунед, аз зӯри дард ва рашк дарди бедавоям шифо ёфт ва ман мисли вулқон шудам. Бо шавҳарам ва ҳамсари дуюмаш мубориза кардам. 4-5 сол мубориза бурдам, вале натиҷа нашуд. Баръакс, шавҳарам рӯз аз рӯз аз ман дур шуд. Имрӯз бо ҳамсари дуюмаш зиндагии хуб дорад ва ҳафтае як рӯз ба ҳавлӣ меояд, ки набераҳояшро дида зуд баромада меравад. Дорупулиамро медиҳад, вале кӯшиш мекунад, ки аз ман дур гардад. Имсол бо ҳамсари дуюмаш ба ҳаҷ рафтанд. Духтарча дорад аз оилаи дуюм ва саргарми ӯ аст.

Гарчанде ман худам шавҳарамро ба зан гирифтан водор кардам, аммо кори ӯро хиёнат мепиндорам. Вале коре карда наметавонам...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД