Formula novemver 2024
Савоби садақа додан дар рӯзи ид қурбон
802

 

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо бо фарорасиии Иди Қурбон, ки яке аз беҳтарин ва бузургтарин идҳои мардуми мусалмон ба шумор меравад, муборакбод гуфта, дар бораи баъзе амалҳои неке, ки анҷом доданашон дар рӯзи иди қурбон аҷру савоби зиёд дорад, бароятон каме маълумот медиҳем.

Дар Қуръони маҷид ва суннати Пайғамбар, ки маъхази асосии дини мубини ислом  ба шумор мераванд, исрофкорӣ ва дар рӯзҳои ид барои худнамоӣ хароҷоти зиёд карда, дастурхони шоҳона оростан манъ карда шудааст. Аллоҳи меҳрубон дар ояти 141-и сураи «Анъом» мефармояд: «Исроф макунед, ки Худои таъоло исрофкоронро дӯст намедорад». 

Дини мубини ислом ҳамеша беҳбудӣ ва аҳволи неки мардумро дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар маросимҳои диниву мазҳабӣ авло медонад. Пайғамбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад (с.) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: 

«Осон бигиред ва душвор магардонед». 

Калиди сарвату дороӣ сарфаву сариштакорӣ мебошад, бинобар ин, шахсе, ки худро мусалмони асил мешуморад, набояд ба исроф роҳ диҳад, зеро дар як ҳадиси муборак омадааст: «Моли муъмин чун хуну ҷони ӯ азизу муҳтарам аст».

Ба ҷойи оростани дастурхони пур аз нозу неъмат оростан дастурхони оддияке ороста, ба ятимону дармондагон хайр кунед савобаш бещтар аст зеро дар ин рӯзҳои гарми тобистон нисфи нозу неъмати бо нархи гарон харидаву пухтаатон вайрон шуда, ба партов меравад, ки ин исроф ба шумор меравад ва исрофро ислом манъ кардааст. Дар ҳамин ҳол, дини мубини ислом кӯмак ба ятимону бепарасторон, пирони барҷмонада ва бевазанону модарони танҳоро амали хайру савоб ҳукм намудааст. Махсусан дар рӯзҳои ид, хса идҳои рамазон ва қурбон ба кӯдакони сағирмонда, кампиру мӯйсафедони бефарзанду танҳо, беморон, занҳои бе шавҳар ва дигар одамони ниёзманд дасти ёрӣ дароз намудан ва садақа додану чизе хайр кардан савоби даҳчанд дорад. Дар Қуръони Карим дар ин маврид омадааст: 

«Эй Паёмбар, аз ту мепурсанд, ки чӣ чизҳоеро садақа кунанд? Бигӯ, аз моли ҳалолу поки худ ба падару модар ва наздикон ва ятимон ва мискинон ва ба мусофиру дар роҳ мондагон садақа кунед. Худованд аз ҳар некие, ки анҷом бидиҳед, огоҳ аст. (Ояти 215-уми сураи «Бақара»).

Бри дигар таъкид мекунем, ки Худованд идҳои рамазон ва қурбонро барои хушнудии бандагонаш ато намудааст, вале набояд оростани дастурхону хароҷо барои гузаронидани ин идҳо боиси зиён дидан ва азоб кашидани хонаводаҳои кмабағал гарданд. Ба афроди сарватманд қурбонӣ кардан дар рӯзи иди қурбон воҷиб аст, аммо шарт нест, ки одамони камбизоат ва нодор, ки аҳи оилаи худро базӯр мехӯронанду мепӯшонанд, ба хотири оростани дастурхони идона худро қарздор карда, баъдан азобу ранҷ кашанд. Дар рӯи иди қурбон бояд одамони доро қурбонӣ карда, онро ба табақаи ниёзманд тақсим кунанд, зеро ҳадаф аз ин ид танҳо қурбонӣ крадану шустани гуноҳҳо набуда, балки тарбияи муслимин дар рӯҳия некиву накӯкорӣ ва кӯмак ба ҳамдигар мебошад.

Унсуралмаолии Кайковус дар асари безаволаш «Қобуснома» ба фарзандаш муроҷиат карда мегӯяд:

«Исрофро душман дор ва шум дон. Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист. Дар хӯрдан ва гуфтан, дар ҳар шуғле, ки бошӣ, исроф набояд кард. Исроф танро бикоҳонад, нафсро бираҳонад ва ақлро заиф гардонад. Исроф зиндаро бимиронад».

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД