Arzon march 2024
Савоби оиладор шудан аз назари ислом
01.06.2025
Oila.tj
192

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд нахустин инсон, яъне ҳазрати Одам алайҳиссаломро офарид, барои сукуни қалбаш ҳамсари ӯ Ҳавворо низ офарид ва аз он ду занону мардони зиёдеро интишор дод. Чунон ки дар Қуръони азимушшаън мефармояд: “Эй мардум! Битарсед аз Парвардигоратон, Он, ки шуморо аз як тан офарид ва аз ӯ ҳамсарашро офарид ва аз он ду мардони бисёр ва заноне интишор дод”. (Сураи “Нисо”, ояти 1).

Пас ҳар инсони соҳибдил бо фаросат дархоҳад ёфт, ки модоме Худои таъоло аввалин инсонро ба оиладорӣ тарғиб намуд, бояд дар ҳифзи он кӯшид. Инчунин Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар хитоби худ ба ҷавонон фармуданд: “Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавони издивоҷ дошта бошад, пас издивоҷ намояд” (Сунани Абӯдовуд, боби ташвиқ ба никоҳ, ҳадиси 2046).

Аз нигоҳи дини мубини Ислом, оила на фақат асоси зиндагии иҷтимоӣ, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст. Дар ин хусус ҳадиси Расули Худост, ки аз он ин масъала хеле фаҳмо дарк мешавад: «Касе, ки қудрати ташкили оила дорад, бигузор хонадор шавад, зеро оиладорӣ чашмро аз чизҳои мамнуъ ва одамро аз гуноҳ эмин нигоҳ медорад ва касе, ки имконияти хонадоршавӣ надорад, бояд рӯза дорад, зеро рӯзадорӣ шаҳватро суст мекунад» (ривояти Бухорӣ).

Аз назари меъёрҳои исломӣ, ҳар як узви оила ҳуқуқ ва вазифаҳои муайян дорад ва оила ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро дуруст иҷро намояд. Бинобар ин, натанҳо вазифаҳои худро хуб донистан, балки онҳоро хуб иҷро намудан лозим аст.

Дар масъалаи бунёди оила ва тарбияи фарзандон низ аз нигоҳи динӣ меъёрҳо ва принсипҳое коркард шудаанд, ки ба талаботи ҷомеаи имрӯза хеле мувофиқ ва мутобиқ мебошанд. Оилае ки тибқи ин принсипҳо зиндагӣ мекунад, оилаи мустаҳкам ва солим мебошад. Чунин оила имконият дорад, ки ба муқобили ҳама гуна мушкилот истодагарӣ намояд. Дар оилае, ки тибқи принсипҳои исломӣ асос ёфтааст, ҳамеша меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ ҳукмрон аст. Оилае, ки аъзоёни он дар ҷудоӣ зиндагӣ мекунанд, дар бораи фарзандон ва калонсолон ғамхорӣ зоҳир наменамоянд, натанҳо худро маҳв месозанд, балки тамоми ҷомеаро ба нокомӣ мебарад.

Чунончи дар ривоят омадааст, ки Асмоа духтари Хориҷаи фирорӣ ба духтараш ҳангоми арусиаш чунин супориш кард ва гуфт: “духтарам ту аз манзиле, ки дар он бузург шудаи ба манзиле меравӣ, ки онро намешиносӣ ва бо касе, ки бо ў унс ва улфат надорӣ (ҳамсар) ҳамнишин мешавӣ. Барояш замин шав, осмонат мегардад, барояш гаҳвора шав, сутунат мегардад, барояш каниз шав, бандаат мегардад, аз ў дар талаб кардани чизе пофишорӣ макун, зеро аз ту безорӣ меҷўяд. Аз ў дурӣ нагир, зеро фаромушат мекунад, агар наздик шуд ба ў наздик шав ва агар аз ту дур шуд аз ў дур шав, бинӣ ва гуш ва чашмашро ҳифз кун (бо зиннат додани зоҳир ва ботини худат), ки дар ин сурат чизе ҷуз бўи хуш аз ту истишмом намекунад ва чизе ҷуз некӣ аз ту намешунавад ва чизе ҷуз зебоӣ аз ту намебинад.

Ҳамин тавр, омили динӣ дар таҳкими оилаҳо хеле муҳим аст ва ба эътибор гирифтани он дар рушди ҷомеаи кунунии Тоҷикистон, ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ танҳо ба нафъи пешрафти кишвар хоҳад буд. Комёбии ҳар кишвар аз комёбии оилаҳо сарчашма мегирад, ҳар инсоне, ки дар тарбияи фарзандону аҳли оила комёб бошад, метавонад кишвари орому обод дошта бошад. Барои он ки оилаи хушбахту мустаҳкам, ки бо риштаҳои меҳру муҳаббат ва тафоҳуми байни якдигарӣ пайвастанд, ташкил карда шавад, ҳар як узви оилаи ояндадорро зарур аст, ки ба таври хеле хуб ҳамаи қонун ва нозукиҳои исломиро аз худ намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД