Роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон охирҳои моҳи март Иди Наврӯзро дар Ӯзбекистон якҷоя ҷашн гирифта, шакли кӯтоҳшуда, аниқтараш рӯнамоии филми муштараки синамогарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро тамошо хоҳанд кард.
Тавре коргардони тоҷикистонии филми мазкур Файзуллои Файз зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, синамогарони тоҷик як моҳ боз банди омода намудани рӯнамоии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” мебошанд. Филм бидуни садо танзим шуда, дар ҷараёни рӯнамоӣ ровӣ бо забони русӣ зиндагиномаи ду чеҳраи машҳури таърихӣ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро қисса ва ҷузъиёти филму рафти наворбардориро нақл мекунад.
Ёдрас мешавем, ки филми мазкур дар бораи дӯстии ду шоири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ нақл мекунад. Нахустнамоиши филм бояд дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз баргузор мегашт, вале ба таъхир афтод.
Шакли пурраи филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” моҳи сентябри соли равон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо забони тоҷикӣ намоиш дода мешавад. Дар ҳамон шабу рӯзҳо ин филм бо забони ӯзбекӣ дар Ӯзбекистон манзури тамошобинон мегардад.