Субҳи имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз шунид.
Дар рафти суҳбат бо раисон ба барқарорсозии манзили оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Сарвари давлат аз суръати пасти барқарорсозӣ изҳори нигаронӣ карда, талаб намуд, ки корҳо тезонда шаванд, то ки мардуми зарардида то ҷашни навбатии Истиқлоли давлатии кишвар соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор гарданд.