Домуллои муҳтарам. Мегуфтед, ки шустушӯи сару либос дар кадом рӯзи ҳафта мумкин аст, дар кадом рӯзаш мамнуъ аст?
Чунки дар ин маврид баҳсҳои зиёд мешавад ва ҳар кас сухани худро ҳақиқат мешуморад.
Юсуфҷон
Ҷавоби намояндаи РАёсати Фатвои ҶТ
Бародари азиз, шустушў кардан дар рўзи сешанбе ҳеҷ монеъе надорад, зеро назофату покӣ аз ҷумлаи талаботи ҳатмии шариат аст ва вақти муайян надорад. Дар давоми ҳафта ҳар гоҳе ки лозим шуд, як бор шустани сару тан бар ҳар фарди мусулмон лозим аст, анҷом додани ин амал дар рўзи ҷумъа беҳтар аст.