Arzon march 2024
Сарояндаи рус ва ҳамсараш аз «коронавирус» шифо ёфтанд
1622

 Лев Лешенко, овозхони 78-солаи рус ва ҳамсараш Ирина Лешенко, ки қаблан ба «коронавирус» гирифтор шуда буданд, аз шифо ёфтанашон хабар додаанд. Овозхон ҳамроҳи ҳамсараш дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳраки Коммунаркаи шаҳри Маскав табобат мегирифтанд ва ташхиси дубора нишон дод, ки вирус аз вуҷуди онҳо пок шудааст.

«То ин дам ба касе шарҳ надодам ва гӯшаки телефонро ҳам набардошта будам. Аммо имрӯз хабар медиҳам, ки натиҷаи ташхис манфӣ баромад ва дар вуҷуди ман дигар вирус нест. Аз беморхона меравам, вале дар хона таҳти карантин хоҳам монд»,-навиштааст, хабаргузории «РБК» аз қавли Лешенко.



Сардухтури бемористони Коммунарка низ ба «коронавирус» гирифтор будани овозхонро тасдиқ карда, гуфтааст, ки замони омаданаш ҳолаш бад ва чанд муддат дар шӯъбаи эҳё бистарӣ буд. Танҳо пас аз беҳбуд ёфтани вазъи саломатияш ӯро ба утоқи алоҳида гузаронидаанд. Лев Лешенко ва ҳамсараш нимаи моҳи март аз Амрико баргашта буданд ва эҳтимоли дар Амрико ба «коронавирус» сироят ёфтанашон вуҷуд дорад. Онҳоро санаи 24-уми март бистарӣ карданд ва ҳоло худро хубу бардам эҳсос мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД