35 years of independency
Сарояндаи маъруфи афғон Сиддиқ Шабоб дар ҷашни Истиқлолият баромад мекунад
07.09.2026
Оила
46

Сарояндаи маъруфи афғон Сиддиқ Шабоб
дар ҷашни Истиқлолият баромад мекунад
Сарояндаи маъруфи афғон Сиддиқ Шабоб, ки  зодаи вилояти Панҷшери Афғонистон буда, бештар оҳангҳои поп месарояд, ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Ин ҳунарманди маъруф бо суруду таронаҳои дилангези худ ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон шукӯҳи тоза мебахшад.
Сиддиқ Шабоб  рӯзи ҷумъа, 5-уми сентябр ба Тоҷикистон омадааст.  Худи сароянда бо пахши як навор дар саҳифаи “Инстаграм” аз омаданаш ба Тоҷикистон хабар додааст.
Қарор аст ин ҳунарманди маъруф дар ҷашни истиқлолият таронаи пурмаъноеро бо унвони “Тоҷикам рақси забонам форсист” ба сокинони кишвар ва меҳмонони ин чорабинии бошукӯҳ тақдим намояд.
Ҳунарнамоии Сиддиқ Шабоб дар ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон  пайванди фарҳангӣ, забонӣ ва ҳунарии миёни мардуми ду кишвари ҳамҷавор-Афғонистон ва Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД