Сафарбек Камолов зодаи ноҳияи Ҳисор буда, чандин сол боз мисли дигар ҷавонмардони тоҷик ризқу рӯзии худ ва аҳли оилаашро аз муҳоҷирати меҳнатӣ меёбад. Ин ҷавони гулдаст бо маблағи дар Русия кор кардааш соҳиби хона шудааст. Сафарбек Камолов мегӯяд, албатта муҳоҷират бе ранҷу азоб намешавад, вале касе, ки аз сидқи дил меҳнат мекунад, роҳаташро низ мебинад...