Дар рӯёрӯи дард
Дар муҳити ороми хонаи се ҳуҷрагии барҳавои хушҷиҳоз, Ансор каме ба худ омад, Сафия ӯро хеле хуб нигоҳубин мекард. Духтарак ҳамроҳи бобои машҳураш зиста хизматашро ба ҷо меовард, то нисфирӯзи дар дарс буду баъд дар ҳузури бобояш.
Як рӯз духтураш занг зада хабар дод, ки сарвари фонди гуфтагияш ба хабаргирияш мераваду соати 11-интизори меҳмон бошад. Сафия рӯи мизи ошхонаро хуб оро дода, ҳатто гуштбирён пӯхта монд. Ансор низ бо кумаки писараш оббозӣ карда либосҳои варзишии зебое пӯшида мунтазири меҳмон нишаст. Болои аробачаи маъюбияш назди оина рафта ба чеҳрааш назар афканд. Абрувону мӯйлабҳояш сафед шуда буданду ӯро хеле пир нишон медоданд, аз зебоии пешин осоре намонда буд…
Занги дар садо доду Ансор онро кушод, дар остона Нигор меистод, ҳамон Нигори шуху беқарор.
- Биё, биёед, - канда-канда гуфт, Ансор.
Нигор салом доду бепарво вориди хонаи ба ӯ кайҳо шинос гашт, ба ронандааш амр кард, ки халтаҳои овардаашро ба ошхона монда дар поён ӯро мунтазир шавад. Ансор бошад аз ин бархӯрд, ҳайрон ба Нигор нигоҳ мекарду намедонист, бигиряд ё бихандад.
- Салом, ҷаноби ҳофиз, ин манам ҳамон Нигори хира, ки ба ҳама номардиҳоят нигоҳ накарда то ҳол ишқи туро натавонистам аз дил берун кунам!
Ансор дасти Нигорро миёни панҷаҳои шахшулаш гирифта беист мебӯсиду такрор ба такрор мегуфт:
- Маро бубахш Нигорҷон…
- Илтимос аз ҷомаи романтика баро, ту шишаи бовари маро кайҳо шикастаи, аммо сад афсӯс ман яккадӯстдор будаам.
Он рӯз суҳбати Ансору Нигор то дер тул кашид, Ансор ёрии Нигорро қабул карданӣ набуду мехост ҳама маблағи сарфкардаашро баргардонад, аммо Нигор исбот кард, ки ин маблағи ӯ несту маблағи фондест, ки маҳз инсонҳои номдори ба табобат ниёздоштаро дастгирӣ мекунад. Нигор ба Ансор нақл кард, ки идеяи ташкили ин фонд ба сараш баъди бемории шавҳараш зад. Зеро ҳамроҳи шавҳараш шоири машҳуре мехобид, ки барои табобат пул надошт, аввалин мизоҷи фонди онҳо ҳамон шоир буд. Шавҳарам аз олам гузашт, писарам дар фикри зиндагии худ, ман акнун гуноҳҳои дар ҷавонӣ содирнамудаамро бо ҳамин корҳои хайр мешӯям гуфт дар охир Нигор…
Ду ҳамроҳему раҳпаймо…
Акнун Нигор ҳар лаҳзае, ки вақти холигӣ ёбад ба суҳбати Ансор мешитобад, байни онҳо ғайр аз суҳбат гарму нарм чойнушиҳои пурзарофату хотирмон чизе нест. Нигор Ансорро ҳамроҳаш ба Эрон бурду он ҷо пойи ориятияш шинониданд. Акнун саломатияш ҳам рӯ ба беҳбудӣ овардаву боз суҳбаторо шудааст.
Афшин ин тағироти рӯҳии падарро дида ҳамроҳи хоҳараш аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки ба Нигор хонадор шавад. Аммо Нигор ин хоҳиши фарзандони Ансорро рад кард.
- Ман то зиндаам ҳамроҳи падари шумо мемонам, аммо муносибати мо ҷуз дӯстӣ дигар чизе нест… - гуфт ӯ.
Аслан Ансор медонад, ки Нигор то ҳол ошиқи ӯст, зеро вақтҳои ғамгинияш сар ба шонаҳои фарохи ӯ монда ба андеша меравад. Ҳатто соатҳо дар як бистар ғел зада суҳбат мекунанд, аммо Ансор худашро медорад, ҳарқадар барояш душвор аст, вале намехоҳад дили Нигорашро биёзорад.
Синнаш ба домани ҳафтод мерасаду Нигор бошад 52-сол дорад, ҳарчанд бӯйи диловези гесувони бону ӯро девона мекунанд, аммо… Ансор Нисор боварӣ дорад, ки рӯзе мерасаду Нигор мисли пешин бедареғ бӯсаборонаш менамояд, аммо кӣ медонад…
Нисо ХОЛИД