Сарнавишти Симинаи бевафо
21.12.2025
Oila.tj
188

Чанд муддат бо аҳли оилаамон дар шаҳри Душанбе иҷоранишин будем. Муддати 8 моҳ бо ҳам то соати 12-и шаб дар назди дарвозаи мо суҳбат мекардем. Симинаро чунон дӯст медоштам, ки ишқаш кӯрам карда буд.

Модараш аз ишқи мо бохабар шуда, хост моро аз ҳам ҷудо кунад, ман бошам, асло аз ишқи Симина даст кашиданӣ набудам. Ҳатто модару хоҳарамро ба хостгорӣ фиристонида, ҷиддӣ будани мақсадамро баён кардам. Симина ҳам худро ошиқи шайдо вонамуд мекард, аммо рӯзе аз хоҳарам фаҳмидам, ки ӯ бо дигар ҷавонписар шинос шудааст. Ҷавон донишҷӯ будасту дар хонаи аммааш аз хонаи мо болотар зиндагӣ мекардааст.

Хулоса, Симина худро аз ман оҳиста-оҳиста дур кард. Дар ин муддат мо кӯчида, ба шаҳри Турсунзода рафтем. Ман ҳамоно ӯро дӯст медоштам, шабҳои дароз ба шаҳр рафта, дар гирди хонаашон мегаштам, то боре дидорашро бубинам.

Рӯзе дар ҷои кор будам, ки Симина занг зада, маро ба тӯяш даъват кард. Ҳолати онрӯзаи худро тасвир карданам душвор аст. Дилам ба содагиву муҳаббати покам месӯхт. Симина бо шавҳараш ҳатто 1 сол зиндагӣ накарда, ҷудо шуд. Баъд аз чанд рӯзаш додарамро дар шаҳри Душанбе дида, рақами телефони маро гирифта, ба ман занг зад.

Вақте бо Симина вохӯрдам, хоҳиш намуд, ки ӯро ба занӣ гирам, вале ман наметавонистам бо зани шавҳардида издивоҷ кунам. Чанд муддат маро думболагир шуд, вале бо азобе аз ӯ худро халос кардам.

Дилам ба ӯ месӯзад, вале ба ҳамааш худаш гунаҳкор аст.

ХОНАНДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД