ИДОМААШ...
Шиками Мамлакат ин бор калонтар буд ва давраи ҳомиладориаш низ аз пештара дида, мушкилтар мегузашт. Духтурон баъди ташхис гуфтанд, ки дар батни Мамлакат ду дил метапад ва беҳтараш баъди моҳи ҳаштуми ҳомиладорӣ дар беморхона бистарӣ шавад, то тифлакон солиму бардам ба дунё оянду модари онҳо низ дар зери назорати табибон бошад.
Мамлакати як лаҳза ҳам аз зиндагӣ наосуда шабу рӯз аз Худо талаб мекард, ки барояш ақаллан як писар ато кунад. Аслан, барои Мамлакат фарқе надошт, аммо барои Саттору пойбарҷо мондани оилааш аз Худо инро мехост. Беҳуда нагуфтаанд, ки дар тақдир чизе бошад, инсон ҳамонро мебинад ва тағйир додани тақдир ғайриимкон аст. Мамлакат бо азоби зиёд дугоникҳояшро ба дунё овард. Мисли он ки мурду дубора зинда шуд. Метарсид, ки ҳозир табибон омада мегӯянд, ки “муждагонӣ диҳед, соҳиби ду духтарчаи дигар шудед”. Метарсид, ки ҳоло Саттор омада, беморхонаро ба сараш чаппа мекунаду мегӯяд, ки “талоқатро додам, духтарҳои таваллудкардаат ба худат насиб кунанд”. Метарсид, чун дилаш аз ин гувоҳӣ медод.
Дугоникҳои берӯзӣ
Ҳамшира ду тифли гирёнро оварда, дар оғӯши Мамлакат гузошт, то модар чеҳраи тифлаконашро бубинаду онҳоро сер кунад.
-Хоҳар,-зери лаб пичиррос мезад Мамлакат,-фақат нагӯед, ки ҳардуяш духтар аст.
-Албатта, ҳардуяш духтар аст, яке аз дигаре зеботар. Муборак шавад,-ҳамшираи аз зиндагии пурмоҷарои Мамлакат ноогоҳ бо хушҳолӣ ин хабарро расониду аз утоқ берун шуд. Чашмони Мамлакат сиёҳӣ заданд. Лаҳзае аз худ бе худ шуд. Ашки чашмонаш беист аз бари рухсораҳояш мечакиданд.
Вақте Саттор шунид, ки занаш боз духтар таваллуд кардааст, ба хабаргирии навзодон наомад. Насиҳатҳои падару модараш низ дигар ба ӯ таъсир намекарданд. Фикри панҷ духтарро карда, мисли шер меғурриду аз девонаҳо камӣ надошт. Мамлакатро хусуру хушдоманаш аз таваллудхона бароварданд. Шабҳо то саҳар намехобид. Аз як тараф гиряи тифлакони навзодаш, аз тарафи дигар бемеҳрии шавҳару мушкилиҳои зиндагӣ ӯро хобидан намегузоштанд. Хушдоманаш мудом насиҳат мекард, ки тоқат кунад, чун ҳеҷ зиндагие бе камбудӣ нест.
Саттор аз Мамлакат ҷудо шудан мехост, аммо ба хотири модараш ин корро карда наметавонист.
-Агар аз занат ҷудо шавӣ, маро ҳам фаромӯш кун. Дониста бош, ки шири додаамро ҳалол намекунам,-мегуфт ба Саттор модараш.
Дигар Саттор шабҳо ба хона дер меомад ё умуман намеомад. Баъзан масту сархуш меомад. Баъзан ҳафтаҳо нопадид мешуд. Ҳоли Мамлакатро худаш медонисту Худо. Шабу рӯз баръакси шавҳараш Худоро шукргузорӣ мекард, ки ӯро аз беҳтарин неъмати дунё, ки номаш фарзанд аст, бенасиб нагардонидааст.
-Агар инҳо ба Саттор лозим набошанд, ба ман лозиманд. Ношукриаш сари худашро хӯрад,-мегуфт Мамлакат ва панҷ духтарро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт мекард.
Дар ин миён падару модари Саттор дар як садамаи нақлиётӣ аз дунё гузаштанд. Ӯ ҳатто дар ҷанозаи падару модараш иштирок надошт. Замоне пайдо шуда омад, ки мардуми маҳалла ва хешу ақрабо мурдаи падару модари ӯро соҳибӣ карда буданд. Аз марги падару модараш як моҳ гузашта буд, ки Саттор Мамлакатро бо панҷ фарзандаш ба деҳа бурда партофт. Дигар касе набуд, ки ӯро насиҳат кунад ва дар майдони холӣ худро чун шер меҳисобид. Хушҳол аз он буд, ки акнун зани шаҳрӣ гирифта, ба орзуҳояш мерасаду соҳиби писар ҳам мешавад. Бародарони Мамлакат нигоҳубини ӯву панҷ фарзандашро ба ӯҳда гирифтанд. Саттор ба суроғи онҳо намерафт ва ҳатто маблағеро ҳам намефиристод.
Зани шаҳрӣ
Саттори 38-сола бо хоҳари 25-солаи як дӯсташ, ки аз шавҳараш ҷудо шуда буд, хонадор шуд. Ҷамила дар хонае, ки як замон Мамлакату духтаронаш ва хусуру хушдоманаш зиндагӣ мекарданд, чун малика рӯз мегузаронд. Аз чизе танқисӣ намекашид, чун Саттор тамоми чизро барои ҳамсари шаҳриаш муҳайё мекард. Ҷамила низ пайи ҳам барои Саттор ду писар таваллуд карда доду тоҷи сари шавҳар шуд.
Бародарони Мамлакат ба хоҳарашон дар шаҳр як манзили сеҳуҷрадор харида, ӯ ва духтаронашро ба шаҳр кӯчониданд. Бародаронаш барои таъмини зиндагӣ ба ӯ кӯмак кунанд ҳам, Мамлакат бо ин қаноат накарда, ним басти дигар дар як корхонаи дӯзандагӣ кор мекард, то духтаронаш аз чизе танқисӣ накашанду набудани падарро эҳсос накунанд. Илова бар ин, дар хона ҳам фармоиш қабул карда, куртаҳои занҳоро дӯхта медод.
Мадинаву Маликаву Маҳина ва дугоникҳо Мавзунаву Мавҷуда дар сояи модар калон шуданд. Мамлакат ҳар яки онҳоро бе шавҳараш соҳиби маълумот карду пасон ба шавҳар дод. Шукри Худо панҷ фарзандаш хушбахт, соҳиби хонаву дару фарзанд ва зиндагии орому осудаанд. Синну солаш, ки ба ҷое расидааст, духтари хурдӣ Мавҷуда ва шавҳараш бо ӯ зиндагӣ мекунанд, то дар дами пирӣ эҳсоси танҳоӣ накунад. Муносибати домодҳо низ бо Мамлакат хуб аст, зеро ӯ онҳоро чун писарони худаш дӯст медорад.
Гардиши айём
Саттору Ҷамила ғайр аз ду писар, дигар соҳиби фарзанд нашуданд. Писари калонии онҳо ба Русия рафту дигар барнагашт ва то ҳол аз ӯ хату хабаре нест. Писари хурдиашон, ки усто буд, рӯзе ҳангоми кор аз баландӣ афтида, баъди як моҳи табобат дар бемористон ҷон дод. Ғами фарзанд Сатторро дилкасал кард. Ҷамилаи шаҳрӣ бошад, шавҳари беморашро ба ҳоли худаш гузошту ба хонаи бародараш баргашт.
Ҳоло Сатторе, ки як замон духтаронашро чашми дидан надошт, ба онҳо зор аст. Панҷ духтар бо навбат ӯро бонӣ мекунанд ва аз гуноҳи падар гузаштаанд. Аммо Мамлакат бо гузашти ин қадар солҳо рӯйи Сатторро дидан намехоҳад ва ба ӯ нафрат дорад.
АНҶОМ!