Сарнавишти Мадуро ва таҳдиди Трамп ба президенти муваққатии Венесуэла
239

Имрӯз, 5-уми январ аввалин мурофиаи додгоҳии президенти Венесуэла Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес, ки бо амри президенти Амрико Доналд Трамп аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ боздошт шудаанд, баргузор хоҳад гашт.

Дар ин бора The New York Times ва дигар расонаҳои амрикоӣ хабар дода, навиштаанд, ки мурофиаи Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес нисфирӯзӣ дар додгоҳи федералии Ню Йорк оғоз ёфта, онҳо шахсан ба мурофиа ҳозир хоҳанд гашт.

Парвандаи Мадуро ва ҳамсараш Силия Флоресро додраси федералӣ Алвин Ҳеллерштейн баррасӣ хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар мурофиаи аввал Мадуро ва Флорес дар терроризм, нигаҳдории силоҳ ва маводи тарканда муттаҳам мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Доналд Трамп ба ноиби президенти Венесуэла Делси Родригес, ки муваққатан президенти Венесуэла эълон шудааст, таҳдид намудааст, ки дар сурати нодуруст рафтор кардан метавонад ба оқибатҳои сахттар аз Николас Мадуро дучор шавад.

Рӯзи 4-уми январ Делси Родригес эълом кард, ки Венесуэла ба мустамликаи ягон кишвар табдил намеёбад ва соҳибихтиёрии худро дифоъ хоҳад кард. Вай ҳамчунин озодии Николас Мадуроро талаб намуда, ӯро ягона президенти қонунии кишвар номид.

Вазири дифоъи Венесуэла Владимир Падрино низ тавассути телевизиони давлатӣ эълон намуд, ки нерӯҳои мусаллаҳ Делси Родригесро ба унвони президенти муваққатӣ пуштибонӣ менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки ИМА 150 ҳавопайморо дар амалиёти зидди Венесуэла сафарбар кард. Ҳавопаймоҳои амрикоӣ системаҳои дифои ҳавоии Венесуэларо нобуд карданд, то нерӯҳои вижа дар чархболҳо тавонанд Мадуроро дастгир кунанд.

Пит Ҳегсет, котиби Пентагон гуфтааст, ки амалиёти боздошти Мадуро ва ҳамсараш чанд моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буд, вале соати 22:46-и рӯзи 2-юми январ президенти Амрико Доналд Трамп барои гузаронидани ин амалиёт амр дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД