Саид ном ҷавони шаҳриро дӯст медоштам, вай ҳам маро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Мо дар як донишгоҳ мехондем ва аз нигоҳи аввал ба ҳамдигар дил бохтем.
Саид чанд маротиба пешниҳоди хонадоршавӣ намуд, вале ман розӣ нашудам, чунки аз худам калон апаи бешавҳар доштам ва хуб медонистам, ки волидонам ҳеҷ гоҳ духтари калониашонро монда, хурдиро хонадор намекунанд. Хотири ишқу муҳаббати покамон Саид ба имрӯзу фардо ва имсолу соли дигар гуфтанҳои ман тоқат карда, сабурона интизорӣ мекашид.
Соли сеюми донишҷӯйӣ яке аз устодонамон бо Саид душман шуда монд, вай бо ҳар баҳона дар сари роҳи ин ҷавони бегуноҳ монеа эҷод мекард. Беҳуда дар урфият намегуфтаанд, ки «арбоб мезанад ба ҳар боб», душманию бадбиниҳои ин муаллим оқибат боиси он гашт, ки Саиди маро дар курси сеюм аз донишгоҳ хориҷ намуданд. Барқасди нотавонбинон Саид ба Русия мардикорӣ рафт.
Баъди шавҳар кардани апаамро фаҳмидан, Саид волидонашро маҷбур кардааст, ки ба хонаи мо хостгорӣ биёянд. Азбаски онҳо оилаи намунавӣ буданд, падару модарам нею нестон накарда, моро фотиҳа намуданд. Волидони Саид гуфтанд, ки писарашон панҷ моҳ пас аз Русия меояду тӯйро ҳамон вақт мегузаронем ва бо табъи болида баромада рафтанд.
Хулоса, ҳама чиз тайёр ва ба тӯй ҳамагӣ се рӯзи дигар монда буд, ки аз Русия хабари шуми кушта шудани Саидҷон расид. Овозаҳо гуногун буданд, яке мегуфт, ки дар бозгашт, дар роҳ ғоратгарон ба ӯ ҳуҷум кардаанд, дигарӣ мегуфт, ки ба дасти скинхедҳо афтидааст, савумӣ мегуфт, ки ба вай ҳамла кардаанду Саидҷон аз тарс худашро ба ҷарие ҳаво дода мурдааст…
Шунидани ин шумхабар маро девона кард. Рӯю мӯямро кандам, “ман бе Саидҷон зиндагӣ кардан намехоҳам” гӯён, либосҳои арӯсиамро дар танам пора-пора кардам. Ҳарчанд худро задам, кӯфтам, нола кардам, “маро ҳамроҳи Саидҷон ба хок супоред” гуфтам, ба доду фиғонам аҳамият надода, тобути домоди ормониву номуродро сари китф бардоштанд ва роҳ ҷониби водие пеш гирифтанд, ки танҳо роҳи рафтан дораду омадан не...
Д.-и аз бахт бенасиб