Фирӯза Сатторӣ, сармуҳаррири сомонаи Oila.tj дар озмуни “Иқтисод ва саводнокии молиявӣ: забоне, ки ба ҳама фаҳмост” ширкат варзида, сазовори ҷоизаи махсус гашт.
Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и пойтахт маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни миллии рӯзноманигорон таҳти унвони «Иқтисод ва саводнокии молиявӣ: забоне, ки барои ҳама фаҳмост» баргузор гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби Эътилофи миллии занони рӯзноманигори Тоҷикистон бо дастгирии молиявии “Фридом-Бонк Тоҷикистон” баргузор гашта, мақсади лоиҳа баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути журналистикаи касбӣ ва дастгирии рӯзноманигорон дар омода намудани маводҳои босифат оид ба иқтисод ва саводнокии молиявӣ буд.
Яке аз шартҳои асосии озмун мавзуҳои мураккаби молиявиро бо забони содда ва фаҳмо шарҳ дода, ба шаҳрвандон дар қабули қарорҳои огоҳонаи молиявӣ кумак расонидан буда, дар озмун рӯзноманигорон ва фрилансерони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили кишвар аз гӯшаву канорҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Тавре масъулини чорабинӣ зикр намуданд, ба озмуни миллии “Иқтисод ва саводнокии молиявӣ: забоне, ки ба ҳама фаҳмост” 48 нафар журналистони касбӣ беш аз 60 мавод пешниҳод намудаанд. Ҳакамони озмун дар 4 номинатсия 3 нафари ғолибонро интихоб намудаанд.
Сармуҳаррири сомонаи Oila.tj Фирӯза Сатторӣ барои таҳияи подкаст-барномаи видеоии “Сармоя” дар мавзуи “Қадам ба қадам: чӣ гуна бо қарзи иппотека соҳиби хона гаштан мумкин аст?” соҳиби ҷоизаи махсуси “Фридом-Бонк Тоҷикистон” дар ҳаҷми 15000 сомонӣ гашт. Барномаи мазкурро дар ютуб-канали Oila.tj ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоии “Телеграм”, “Инстгарам” ва “Фейсбук” беш аз 500 000 нафар тамошо карда, лайкҳои сершуморе гузошта ва садҳо шарҳ навиштаанд.
Шакли матнии ин суҳбати ҷолиб ҳафтаи гузашта дар ҳафтаномаи “Оила” ба нашр расида буд, аз ин хотир, мо тамоми муштариёни сомонаи Oila.tj ва хонандагони ҳафтаномаи “Оила”-ро бо ин ғолибият муборакбод мегӯем!