Formula novemver 2024
Сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон
899

Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода дар Остона дар Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон», ки дар ҳошияи Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ + Ҷопон баргузор карда шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар кори Форум беш аз 350 намояндагони ширкатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон иштирок намуда, масъалаҳои мубрами таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни кишварҳои минтақа ва Ҷопон баррасӣ гардидаанд.

Иштирокчиён зарурати ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаро барои ноил шудан ба рушди устувор ва таҳкими суботи молиявӣ дар кишварҳои минтақа таъкид намудаанд. Ҳамзамон, масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ ва системаҳои молиявӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

- Дар охир 22 санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва экология, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ, маориф, мошинсозӣ, тиб ва сайёҳӣ байни тарафҳо ба имзо расиданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Форум барои табодули таҷриба ва таҷрибаҳои беҳтарин байни намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти беназир фароҳам овард. Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷопон такони нав мебахшад ва ба рушди иқтисодӣ ва рушди устувор дар минтақа мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД