Sebiston new 2024 october
Сармои шадид дар назар аст
1026

 

Имрӯз 10-уми январ дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ боришоти бошиддати борон дар назар дошта шуда, баъдан ба барф мубаддал мегардад.Дар ноҳияҳои доманакӯҳ фаромадани туман дар назар аст.

Тавре ки АМИТ “Ховар” дар такя ба Агентии обу ҳавошиносии кишвар хабар додааст, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят барф меборад. Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок ва боришоти борону барф пешгӯи шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон борон борида, баъдан ба барф мубадал мегардад. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-5, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ борони бошиддат ба барф гузашта, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, борон бо гузариш ба барф бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 9-14 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.
Вобаста ба тағйирёбии боду ҳаво, фаромадани туман ва боришоти барфу борон ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, махсусан дар роҳҳои пурпечутоби кӯҳӣ душвор хоҳад гашт. Аз ҳамин хотир аз сокинон хоҳиш, махсусан аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намуда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва бидуни зарурат ба минтақаҳои дурдаст сафар накунанд. Бар асари боришоти шадид сатҳи об дар дарёҳо баланд шуда, хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои баландкӯҳ вуҷуд дорад, бинобар ин, аз сайри кӯҳу дара, шикор ва моҳидорӣ дар ин рӯзҳо худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД