Мегӯянд, ки як шогирд бо устоди худ ба боғе даромаданд. Дар он ҷо дарахтон пур аз мева буданд.
Шогирд бо ҳайрат гуфт:
- Устод, чаро баъзе дарахтон сарбаланд истодаанд, вале баъзеашон сархаманд?
Устод бо табассум ҷавоб дод:
- Бингар, фарзанд, дарахте, ки мева надорад, сарбаланду ғурурнок меистад. Аммо дарахте, ки пур аз мева аст, аз вазни меваҳояш сар хам мекунад.
Сипас афзуд:
- Инсон низ чунин аст: касе, ки дониш ва хирад надорад, мағрур мешавад. Аммо одами доно ва пурбаракат ҳамеша хоксор аст, зеро медонад, ки ҳамааш аз фазлу карами Худост.