Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ, агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.
Имрӯз солгарди милоди яке аз ситораҳои дурухшони эстрадаи тоҷик, ҳунарманди зиндаёд Кароматуллои Қурбон мебошад. Агар зиндагии номард бо ӯ бозиҳои бераҳмона намекард, агар умр ба ӯ вафо мекард, агар тири нохалафи ҳаромзоде синаи ин марди ҳунарро намедарид, имрӯз Кароматуллои Қурбон ба умри пайғамбарӣ расида, ба синни мубораки 63-солагӣ қадам мениҳод, вале афсӯс, сад афсӯс, ки...
Кароматуллои Қурбон 29-ноябри соли 1961 ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ дилбохтаи суруду мусиқӣ буд. Ин ҳунармнади нотакрор ҳанӯз солҳои донишҷӯи Донишкадаи санъати Тоҷикистон буданаш ҳамроҳи дӯсти ҳунармандаш Исматулло Холов ансабли эстрадии “Суғдиён”-ро ташкил карда буд ва ин гурӯҳ ба зудӣ машур шуда, маҳбуби хурду калон гашт.
Дертар Кароматулло ба оркести овозадори “Гулшан” ба кор гузашт, ки замони Шӯравӣ ансамбли эстрадии №1и Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар як муддати кӯтоҳ ин ҷавонмарди сар то ба по ҳунар дар ин гурӯҳи овозадор мавқеъи худро пайдо кард ва Кароматуллои Қурбонро роҳбари бадеъии оркестри “Гулшан” таъин намуданд, аммо...
Замони ҷанги бародаркушӣ, 17-октябри соли 1992 ҳангоми баргаштан аз як тӯй Кароматуллои Қурбон ва аҳли гурӯҳашро силоҳбадастони гургсират дар ноҳияи Ёвон тирборон карда, ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд.
Ҷанозаи ин ҳунарманди асил яке аз пурсӯзтарин маросимҳои мотамӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, садҳо ҳазор мухлисони ҳунараш бо оби дида ва қалби хунчакон Кароматуллои Қурбонро ба манзили охираташ гусел карданд, аммо...
Аз марги ин ҳунёгари нотакрор беш аз 30 сол гузашта бошад ҳам, ёди Кароматуллои Қурбон дар дили аҳли оила, фарзандону пайвандон, дӯстону шогирдон ва пайравону мухлисонаш то ба имрӯз зинда буда, гурашро ҳамеша гулборон мекунанд.
Фарзандони Кароматуллои Қурбон-Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло ҳамасола дар рӯзи милоди падари зиндаёдашон барномаи консертӣ баргузор менамуданд, вале ду соли охир бо баъзе сабабҳо имкони баргузор намудани шоми хотира ба онҳо даст надод.
Тавре ки писари шодравон Кароматуллои Қурбон, роҳбари бадеъии ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадрафии Кароматулло зимни сӯҳбат бо мо гуфт:
-Ду соли охир бо баъзе сабабҳо мо натавонистем дар солрӯзи падари бузургворамон консерт диҳем, вале ин маънои онро надорад, ки ӯро фаромӯш кардаем. Насиб бошад, соли оянда, 29-ноябри 2024 ба поси хотири Кароматллои Қурбон як барномаи калони консертӣ барпо хоҳем кард, ки пур аз навгониҳост. Омодагиро ба ин барнома ману Нозия аллакай сар карда, суруду таронаҳои нав тайёр карда истодаем. Нозия дирӯз аз шаҳри Тошкент баргашт. Вай чанд таронаи навашро, ки махсус барои ёдбуди падари бузургворамон омода намудааст, дар Тошкент сабт кард. Ман ҳам чанд таронаи нав дорам ва боз чанд суруди дигарро бояд омода намоям, ки махсус ба қиблагоҳам бахшида шудаанд.
-Аз дӯстони Кароматуллои Қурбон киҳо ӯро ёд карда, хотирашро пос медоранд? Дар посух ба ин савол Муҳаммадрафии Кароматулло гуфт:
-Аз рӯйи нақли модарам, замони зинда буданашон падарам бениҳоят дӯстони зиёд доштаанд, вале баъди маргашон шумораи дӯстонашон бо мурури замон хеле кам шуд. Аммо дар ин миён ҳастанд дӯстону мухлисони содиқу вафодоре, ки то ба имрӯз хотираи неки ӯро пос медоранд. Дӯстони содиқи падарам акнун дӯстони ман ҳастанд ва ҳамеша аз ҳоли аҳли оилаи мо хабар гирифта меистанд.
Муҳаммадрафии Кароматулло чандин нафар дӯстону мухлисони содиқи падари зиндаёдашро номбар карда, гуфт:
-Мактаби Кароматуллои Қурбон то ба имрӯз зинда аст ва қариб тамоми сарояндагони жанри эстрадаи тоҷик худро шогирду пайрави Кароматуллои Қурбон мешуморанд. Аз ҳунармандони машҳури тоҷик Ортиқи Қодир, Садриддини Наҷмиддин, Парвиз Пулодӣ, Суҳроби Маҳмуд ва аҳли гурӯҳи номдори “Анис” аз ҷумлаи дӯстону шогирдони содиқи падарам ба ҳисоб рафта, ҳамеша хотираи неки ӯро пос медоранд. Яке аз содиқтарин мухлисони падарам акаи Аъзамҷон, роҳбари “Боғи Ирам” аст ва ҳар сол дар ин рӯз гӯри Кароматуллои Қурбонро гулборон мекунад.
Дар охир Муҳаммадрафии Кароматулло ба тамоми мухлисон, дӯстон, шогирдон ва пайравони марҳум барои пос доштани хотираи неки Кароматуллои Қурбон изҳори сипос намуда, гуфт:
Боварӣ дорам, ки ёди Кароматуллои Қурбон ҳамеша дар дили мардуми ҳунардӯст ва санъатпарвари тоҷик зинда хоҳад монд!
Ф. Сатторӣ