Ҳангоми гузаронидани корҳои санҷишӣ дар доираи амалиёти шартии «Корд», аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як нафар паҳнкунандаи предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян карда шудааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш дар бозори «Корвон», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ошкор карда шудааст, ки соҳибкори инфиродӣ Чилаев Зафар Пираҳмадович, соли таваллудаш 23.07.1978, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ ба фурӯши предметҳои халандаю буранда машғул мебошад. Зимни азназаргузаронӣ аз фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди кордҳои гуногунтамға, ки ба сифати силоҳи сард истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шудаанд.
Нисбати ҳолатҳои ҷойдошта ба шаҳрванд Чилаев Зафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд,гуфтааст манбаъ.